Аксҳо

Хабарҳо

Қоидаҳои бозии «Кок-бору» (Бузкашӣ)

I. Муқаррароти умумӣ

1.1. Мусобиқаҳо дар майдони махсус, ки барои гузаронидани бозии «Кок-Бору» мутобиқ карда шудааст, доир карда мешаванд:
а) майдон барои бозӣ ба ҳар ду даста баробар тақсим шудааст (100м х 100м). Андозаи майдони бозӣ: дарозӣ 200м; паҳноӣ 70м; масофаи миёни дегҳо «тай казан» 149м; аз марказ то дегҳо 70м; масофаи аз дегҳо то хати берунии меҳвар 30м; минтақаи ҷаримагоҳ аз 15м дегҳо шурӯъ мешавад; андозаи давраҳои марказӣ ва ҷаримавии назди минтақаи ҷаримагоҳ 10м дар радиус. Масофаи даври хурд радиусаш 3м, ки дар он ҷо дар оғози бозӣ лошаи буз гузошта мешавад, аз хатти (бордондор) 15м аз рӯи меҳвари амудӣ.
б) ҳар як дастаи сабқаткунанда «дег» /«дарвоза»/-и худ ба андозаи: қисми болоӣ бо радиуси умумии 3,6м, баландӣ 1,2м, паҳноии канора 0,8м, паҳноии дег «тай казан» бо радиуси 2м, чуқурии 0,5м, радиуси қисми поёнӣ 4,4м (Андозаи дег замима мешавад) мебошад.
1.2. Майдони бозӣ бояд (бо девор) бо баландии 1,5м иҳота шуда бошад, ки ба фишори аспҳо истодагарӣ намуда, бозингарон ва аспҳоро ҳангоми бархӯрд аз бардоштани ҷароҳатҳо эмин нигоҳ дошта тавонад.
1.3. Қоидаҳои асосии бозӣ:
а) ҳайати даста: 10 бозингар ва 10 асп. Дастае, ки ба майдон бозингар ва ё аспи дархостнашударо мебарорад, мағлуб дониста мешавад;
б) ба бозӣ аз ҳар даста 4 бозингар баромад мекунад; дар вақти бозӣ дастаҳо ҳуқуқ доранд бозингаронро дар рафти бозӣ (яъне бозиро манъ накарда) иваз намоянд;
в) бозӣ 60 дақиқа давом ёфта, аз 3 даври 20-дақиқагӣ ҳар кадом иборат мебошад ва ғалаба ба дастае дода мешавад, ки тушаи бузро ба деги рақиб бисёртар партофта тавонад;
г) бозингароне, ки пеш аз бозӣ машруботи спиртӣ, моддаҳои нашъадор ва ғайра истеъмол менамоянд, ба бозӣ роҳ дода намешаванд.

II. Оғози бозӣ

2.1. Бозӣ аз рӯи анъанаи қадима бо ваъдаи тантанавии бозингарон оғоз мешавад, ки онҳо ваъда медиҳанд бозиро аз рӯи виҷдон ва тоза доир менамоянд. Довар, ба тамошобинон муроҷиат намуда, суханони ваъдаро мегӯяд ва бозингарон онро баланд такрор мекунанд.

III. Ваъда

Довар: Эй, Парвардигори Бузург, ваъдаи бозингарон, фарзандони худ, мардони боқуввату далерро қабул намо, ки ба бозии баҳодурона, ки анъанаи қадимаро идома медиҳанд шурӯъ намоянд.
Ҳама бо як овоз: Дар назди мардум ваъда медиҳем, ки бозии Кок-боруро, ки аз гузаштагонамон омадааст, шурӯъ намуда, дар пеши тамошобинон ва дар назди Худо бовиҷдонона рафтор намуда, қоидаҳои бозиро риоя менамоем.
2.2. Капитани дастаҳо дегҳои худро тибқи қуръапартоӣ муайян месозанд. Лошаи буз бояд дар масофаи 15 метр аз хатти паҳлуӣ аз самти минбар гузошта шуда бошад.
2.3. Дастаҳо вазифадоранд дар як саф бо хати паҳлӯӣ, дар муқобили минбар истанд.
2.4. Баъди ҳуштаки довар ҳамаи бозингарон кӯшиш мекунанд, ки аввалин шуда лошаи бузро ба даст оранд. Агар дар давоми ду дақиқа лошаи бузро ягон даста гирифта натавонад, бозӣ манъ шуда, аз давраи марказӣ оғоз карда мешавад. Ба давра аз ҳар даста як нафарӣ баромада ва як ба як рақобат хоҳанд кард. То даме, ки лошаи буз аз давра набарояд, дигар бозингарон ҳуқуқи ба бозӣ даромаданро надоранд.
Агар дар давоми 2 дақиқа яке аз бозингарон лошаро гирифта, аз давра набарояд, довар онҳоро бо бозингарони нав иваз мекунад. Агар лошаи буз дар назди дег афтад, бозии умумӣ то як дақиқа идома меёбад, пас аз як дақиқа бозӣ дар даврае, ки ба дег наздиктар аст, аз нав оғоз меёбад.

IV. Рафти бозӣ

3.1. Зада гирифтани лоша ва дигар усулҳо дар бозӣ аз рӯи қоидаҳои бозии қадимаи «Кок-Бору» амалӣ карда мешавад.
3.2. Бозӣ бетанаффус, то вақте ки лоша ба яке аз дегҳои дастаҳо партофта нашавад ва ё ҳангоми дағалона вайрон карда шудани қоидаҳои бозӣ аз ҷониби бозингарон, идома меёбад. Ҳангоме, ки лоша ба дег нағалтида, дар канор меафтад, ва ё ба дег меафтаду, бо инертсия аз дег парида мебарояд гол ҳисобида нашуда, хол дода намешавад. Ба ин монанд, вақте лоша ба дег аз ҷониби бозингаре партофта мешавад, ки бо аспи худ ба дег парида баромадааст, ҳисоб карда намешавад. Бозингар метавонад лошаро ҳангоми афтидан партояд, вале дар ин ҳангом, пояшро бояд ба замин нарасонад.
3.3. Баъди ба дег афтодани лоша ва аз ҷониби довар дар майдон ҳисоб намудани «гол», бозӣ аз нав аз маркази майдон оғоз меёбад. (ниг.моддаҳои 2.2, 2.3, 2.4.)
3.4. Агар майдони бозӣ бо девор иҳота нашуда бошад, бозӣ манъ карда мешавад, вақте бозингар бо аспи худ аз хатти кашидашудаи бозӣ берун мебарояд, он аз наздикии ҳамон ҷойе, ки қоидавайронкунӣ ба қайд гирифта шуда буд, оғоз меёбад, - агар дар назди деги яке аз дастаҳо ба қайд гирифта шуда бошад, он гоҳ дар даврае, ки ба дег наздиктар аст оғоз меёбад, агар дар маркази майдон ба қайд гирифта шуда бошад, дар даври марказӣ ду бозингар бозӣ мекунанд. Қоидаҳои бозӣ дар моддаи 2.4. нишон дода шудааст.
Эзоҳ: лошаи бузро ба давра он дастае вазифадор аст биёрад, ки бозингарони он аз хат бо лоша баромадааст.
3.5. Агар ягон нафар аз бозингарон бозингареро, ки бо лоша бо шитоб мерафт дағалона боздорад, қоидавайронкун ҷарима мешавад ва лоша ба дасти он бозингаре, ки то ин вақт дар дасташ буд, меафтад.
3.6. Бозӣ аз се давра иборат буда, ҳар як даври он 20 дақиқагӣ мебошад. Байни давраҳо танаффусҳои 10-дақиқагӣ пешбинӣ гардидааст. Дар сурате, агар пас аз танаффус яке аз дастаҳо дидаю дониста вақтро кашола диҳаду ба бозӣ надарояд, дастаи дигар ҳуқуқ дорад бе иштироки вай бозиро дар вақти муқарраргардида шурӯъ намояд.
3.7. То давраи нимниҳоӣ ҳангоми мусовӣ анҷом ёфтани бозӣ вақти иловагии бозӣ дода намешавад. Пас аз танаффуси панҷдақиқагӣ партофти озоди «буллит» гузаронида мешавад. Дар даври нимниҳоӣ ва ниҳоӣ, агар пас аз анҷоми бозӣ ҳар ду даста холи баробар гиранд, ҳайати доварон вақти иловагии 10-дақиқагӣ таъин мекунад, то даме, ки яке аз дастаҳо ба деги рақиб лошаро, яъне «голи тиллоӣ»-ро назанад. Дар сурате, агар дар вақти иловагӣ низ ғолиб муайян нагардад, он гоҳ «буллит» дода мешавад. Аз ҳар як даста чор бозингарӣ баромада, «буллит» мегузаронанд. Яке аз бозингарон бо лоша ба самти деги рақиб равона мешавад, ки аз қафои ӯ дар масофаи 30 метр яке аз бозингарони дастаи рақиб ба таъқиб мегузарад. Рақиб ҳаракат мекунад, ки ба ин бозингаре, ки лошаро соҳиб аст, халал расонад, то ки ӯ лошаро натавонад ба дег партояд. Онҳо ба аспдавонӣ танҳо пас аз ҳуштаки довар баробар шурӯъ мекунанд. Агар бозингаре, ки соҳиби лоша аст, аз таъқиб пеш мегузарад ва ё новобаста ба муқобилияти рақиб метавонад лошаро ба дег партояд, он ҳамчун хол ба ҳисоб гирифта мешавад. Бозингари ба деги рақиб ҳуҷумкунанда ҳуқуқ дорад суръати аспи худро вобаста ба вазъият кам кунад.
Эзоҳ: Аз чор бозингарони дастаҳо ҳар як бозингар ҳуқуқ дорад танҳо як маротиба лошаро партояд ва ҳар яки онҳо танҳо як маротиба рақибро таъқиб менамояд. Ҳангоми иҷрои «буллит» иваз намудани аспҳо манъ карда шудааст. Агар бозингари ҳуҷумкунанда аз меҳвари дег берун барояд, вай ҳуқуқи партофтани лошаро ба дег надорад. Дар сурате, агар бозингарони ягон даста аз чор партоб холи ҳалкунандаи ғолибиятро ба даст наоранд, бозии «буллит» то партоби ҳалкунанда идома хоҳад ёфт. Дар ин сурат ба бозӣ чор нафар бозингари дигар медарояд, ба ин чоргона ягон бозингар ва аспи чоргонаи пештара дохил намешавад.
3.8. Бозингарони ба бозӣ даромада, танҳо бо иҷозати ёрдамчии довар дар майдон иваз карда мешаванд, аммо дар вақти ивазнамоӣ дар майдони бозӣ бояд бозингари зиёдатӣ набошад. Ивазнамоӣ дар хати амудии меҳвар гузаронида мешавад. То вақте, ки бозингари аз бозӣ баромадаистода хати барои ивазнамоӣ ҷудошудаи майдонро нагузарад, бозингари эҳтиётӣ ҳуқуқи ба бозӣ даромаданро надорад. Агар бозингар аз майдон аз ҷойи муқаррарнашуда барояд ва ба ҷойи ӯ дигар бозингар барояд – ин вайронсозии қоидаҳо ба ҳисоб меравад. Дар сурате, агар бозингар аз асп афтод ва асп гурехта рафт ва ё зину бандҳои он канда шаванд, довар баромадани бозингарро мунтазир нашуда, барои баромадани бозингари эҳтиётӣ иҷозат медиҳад.
3.9. Барои зиёд намудани таваҷҷӯҳ ба бозӣ усулҳои қувваозмоиҳои ҳам аспҳо ва ҳам бозинарон иҷозат дода мешавад, вале бояд хилофи қоидаҳои қабулгардида набошанд. Ба бозингаре, ки лошаро мебардорад, ба болояш баромадан қатъиян манъ аст.
3.10. Дар майдони ҷаримагоҳ ҳимоягари дастаи муқобил ҳуқуқи истодан надорад. Дар майдони ҷаримагоҳ ба ҳимоягар пеш аз ҳуҷумкунанда танҳо ба паҳлӯи асп даромадан иҷозат дода мешавад. Вақте лошаи буз аз минтақаи ҷаримагоҳи майдон берун меравад, он гоҳ ҳама бозингарон бояд аз ин минтақа бароянд.

V. Манъ карда шудааст

4.1. Бозингаре, ки савганд ёд накардааст, ба бозӣ роҳ дода намешавад.
4.2. Рақиби худро бо даст, пойҳо ва қамчин задан иҷозат дода намешавад. Бозингароне, ки ин қоидаҳоро вайрон месозанд, ба муддати ду дақиқа ба макони махсуси ҷаримагоҳ «Кара мама» равона карда мешаванд.
Дастае, ки бозингараш ҷазо дода шудааст, бозиро бо шумораи кам, бо се нафар бозингар идома медиҳад. Агар дастае, ки бо ҳайати пурра тушаро ба дег партояд, он гоҳ бозингар-қоидавайронкун дарҳол ба бозӣ медарояд.
Эзоҳ: Вақти ҷаримавӣ аз замони ворид гардидани бозингар ба «Кара мама» ҳисоб карда шуда, дар давоми ду дақиқа ҳамроҳ бо бозингар аспҳо бояд дар «Кара мама» нигоҳ дошта шавад.
4.3. Дар сурате, ки агар бозингар усулҳои манъшударо истифода барад: рақибро бо даст дорад ва ё кӯшиши аз асп афтонидан кунад, ба муддати ду дақиқа ба ҷаримагоҳи «Кара мама» равона карда мешавад.
4.4. Агар чунин қоидавайронкунӣ дар ҳолати голзанӣ, ҳангоми партофтани лоша ба дег ва ё наздикии дег, яъне минтақаи ҷаримавӣ рух диҳад, он гоҳ ба сифати ҷазо «жаза казан», яъне «буллит» татбиқ карда мешавад. Яке аз бозингарони дастаи ҷабрдида лошаро мегирад ва босуръат ба деги рақиб мепартояд. Иҷрои буллит ба боби 3, банди 7-и қоидаҳои мазкур мутобиқ аст.
4.5. Бозингаре, ки лошаро ба лаҷом ва ё тасмаи ҷафсшуда мебандад, («оромо») баъди огоҳӣ ба ӯ ҷазо дар намуди берун кардани ба муддати ду дақиқа ба «Кара мама» татбиқ карда мешавад.
4.6. Барои қасдан тӯл кашонидани вақт ва ё барои партофти лоша ба беруни майдон – ҷазои берун кардан аз майдон – «Кара мама» ба муддати ду дақиқа пешбинӣ шудааст.
4.7. Барои қасдан тӯл кашидани вақт, пас аз огоҳӣ, ҳамчунин ҷазо дода шуда, бозингар ба муддати ду дақиқа ба «Кара мама» равон карда шуда ва ё даста бо «буллит» ҷазо дода мешавад.
4.8. Бо доварон баҳс кардан қатъиян манъ карда шудааст. Муноқиша бо довар баъди огоҳӣ додан – ба муддати 2 дақиқа берун карда шудан; барои таҳқири довар дарҳол ба муддати 2 дақиқа берун кардан, гузаштани хат (таҳқир, пастзанӣ, ҳақорат) корти сурх нишон дода шуда, то охир аз бозӣ ронда мешавад. Даста маҷбур аст, то охири бозӣ бо се бозингар бозиро давом диҳад. Агар даста ва ё мураббии даста аз қарори довар сарпечӣ намуда, ба ӯ фишори рӯҳӣ расонад, он гоҳ ба даста партофти ҷаримавии буллит ва бо қарори Комиссияи протоколӣ ҷаримаи пулӣ таъин карда мешавад. Барои даст ба гиребон шудани бозингарон бо довар, бозингар то охири мусобиқа ба бозиҳо роҳ дода нашуда, ба даста ҷаримаи пулӣ таъин карда мешавад. Ҳангоми таҳдид ва даст бо гиребон шудани бозингарон бо довар баъди бозӣ, шахси таҳдидкунанда, ва ё бозингари латукӯбнамуда то охири мусобиқа ба бозиҳо роҳ дода нашуда, ба даста ҷаримаи пулӣ таъин карда мешавад.
4.9. Барои дашномҳои қабеҳ – ба бозингар баъди огоҳӣ 2 дақиқа берун карда шуда, дар ҳолатҳои махсус дарҳол берун карда мешавад, барои рафторҳои авбошона, ҷангу хархаша – ба муддати 2 дақиқа берун кардан аз бозӣ, дар ҳолатҳои махсус – берун кардан то охири бозӣ. Даста то охири бозӣ бо миқдори ками бозингарон бозиро идома хоҳад дод.
4.10. Бозингаре, ки аз замин лошаро мебардорад, набояд бо аспи рақиб аз ҷониби лоша ҳуҷум карда шавад барои ин ҷазо дар намуди 2 дақиқа аз бозӣ берун кардан пешбинӣ шудааст. Ба бозингар аз дигар тараф ҳуҷум намудан танҳо дар доираи қоидаҳои пешбинишуда иҷозат дода мешавад.
4.11. Рахна задани рақиб ҳангоми суръат, новобаста аз он, ки ӯ бо лоша аст ва ё не, ҷазо дар намуди 2 дақиқа берун кардан аз бозӣ аст.
4.12. Вақте ду бозингар дар давраи марказӣ баҳри лоша талош мекунанд, ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад ба давраи хаткашидашуда дарояд. Дар сурате, агар ин қоида вайрон гардад, бозингар баъди огоҳӣ аз бозӣ ба муддати 2 дақиқа ба «Кара мама» берун карда мешавад.
4.13. Дар сурати норозигии бозӣ бо қарори довари майдон, инчунин муроҷиати бозингар ба комиссияи протоколӣ – чунин рафтор ҳамчун баръало кашола додани вақт баҳо дода шуда, ба муддати 2 дақиқа берун кардан ҷазо таъин карда мешавад.
4.14. Дар сурати пайдо кардани бозингари панҷум дар ягон даста, ба дастаи қоидавайронкунанда ҷаримаи 2 дақиқа берун шудан таъин гардида, даста дар давоми ду дақиқа бо миқдори ками бозингарон бозиро давом медиҳад.
4.15. Ҳангоми даромадани бозингари эҳтиётӣ ба бозӣ, ки баромадани ҳамдастаашро аз майдон интизор нашудааст, ба муддати 2 дақиқа берун кардан ҷазо таъин карда мешавад.
4.16. Дастае, ки ихтиёран бозиро қатъ карда, қарори сардоварро иҷро намекунад, мағлуб дониста мешавад.
Эзоҳ: Ҳангоми ниҳоят дағалона вайрон намудани қоидаҳои бозӣ, бозингар то 5 дақиқа метавонад аз бозӣ берун карда шавад. Дар ҳама ҳолатҳо, ба ғайр аз партофти ҷаримавӣ/буллит/ бозӣ бевосита аз наздикии дарвозаи ҳамон дастае оғоз мегардад, ки қоидаро вайрон намудааст. Ба давраи махсус хаткашидашуда барои рақобат танҳо якнафарӣ аз ҳар як даста медароянд. То он вақте, ки онҳо аз дохили давраи рақобат ба берун набароянд, ҳеҷ кас ҳақ надорад ба ин давра дарояд.

VI. Талабот ба дастаҳо

5.1. Ба абзори аспҳое, ки ба бозӣ медароянд, набояд ороишоти зиёдатии металлин (нуқра, мис, оҳан ва ғайра) бошад, ки аз онҳо бозингарон метавонанд ҷароҳат бардоранд.
5.2. Нӯги узангуҳо бояд ҳамвор бошанд, наълҳо тез набошанд.
5.3. Ҳангоми бозӣ дар назди даста аз панҷ нафр одам бояд зиёд набошад: 1 мураббӣ, 4 аспбон. Ба ҳар дастае, ки ин талаботро риоя намекунад, ҷаримаи пулӣ таъин карда мешавад.

VII. Ҳайати доварон (судяҳо) ва комиссияи протоколӣ

6.1. Ҳайати доварон аз се нафар – довари майдон ва ду ёрдамчии ӯ иборат мебошад. Дастаҳое, ки ба бозӣ медароянд, 30 дақиқа пеш то оғози бозӣ барои санҷиш аспҳои худро нишон медиҳанд. Аспҳо ва абзори онҳо бояд зоҳиран мутобиқи бозӣ бошанд. Дастае, ки барои санҷиш аспи худро пешниҳод намекунад, ба бозӣ роҳ дода намешавад.
6.2. Ба ғайр аз ҳайати доварон бозиро ҳамчунин комиссияи протоколӣ, ки аз ҷониби Раёсати Федератсияи ҷумҳуриявии «Пойгаи равон ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, хизмат мерасонад.
6.3. Комиссияи протоколӣ хоҳишу дархост ва даъвои дастаҳоро баррасӣ намуда, дар ҳолатҳои баҳснок ҷиҳати ба яке аз ду даста додани ғалаба қарор қабул менамояд. Агар довар дар майдон вазъиятро идора ва бозиро аз рӯи қоидаҳо ташкил карда натавонад, Комиссияи протоколӣ ӯро бо дигар довар иваз мекунад.
6.4. Федератсияи ҷумҳуриявии «Пойгаи равон ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути комиссияи протоколӣ масъалаҳои вобаста ба муайянсозии тақсими ҷоизаҳоро амалӣ месозад. Ҷоизаҳои дар вақти бозӣ воридгардида қаблан аз ҷониби комиссияи протоколӣ дида баромада шуда, пас аз он ба бозингарон тақдим карда мешаванд.

VIII. Тартиби супоридани ҳуҷҷатҳо ва талабот ба таҷҳизоти варзишии иштирокчиён

7.1. Роҳбарони дастаҳо ӯҳдадоранд 15 рӯз қабл аз оғози мусобиқа ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
• варақаи дархостӣ – 1 нусха;
• шиносномаҳои умумишаҳрвандӣ ва кортҳои шахсии бозингарон дар варақа бо расм;
• полиси тиббии суғурта ва маълумотномаи тиббӣ оиди саломатии ҳар як бозингар;
• шиносномаҳои аспҳо дар варақа бо расмҳои он: қисмати сар дар ҳаҷми калон ва умумӣ дар намуди амудӣ;
• хулосаи ветеринарӣ ба ҳар як асп.
7.2. Ҳар як даста ӯҳдадор аст асбобу анҷоми зерин: маҷмӯи либосҳои варзишӣ барои бозингарон дар ду намудро (ҳаҷми рақам дар тахтапушт бояд ба меъёри 200Х150мм, дар қисмати қафаси сина 150Х100мм мутобиқат намояд) дошта бошад.
Эзоҳ: даста бе иҷозати Кумитаи тадорукотӣ ҳуқуқи ба либоси варзишӣ ва ё аспҳои иштирокчиёни мусобиқа рамзҳои рекламавӣ гузоштанро надорад, ба истиснои номи даста, ному насаби бозингарон.
• кифтпӯшаки расмии идона бо ранги худ ба ҳар як бозингар ва сардори даста;
• барои бозингарон тоскӯлоҳи ҳифзкунандаи сар;
• рӯйкаши ҳифзкунанда аз пӯст ва ё брезент (матои ғафси обногузар) тибқи ранги даста дар банду буғумҳои поёнии пойи аспҳо;
• байрақчаҳо барои намоиш;
• доруқуттии тиббӣ ва ветеринарӣ.


Тарҳи майдони бозӣ
(миқёс: 1 1000)

Тавзеҳот
1. Дег (тай казан);
2. Давраи марказӣ;
3. Давраи ҷаримагоҳ;
4. Даврае, ки дар оғози бозӣ улак гузошта шудааст;
5. Минтақаи ҷаримавӣ;
6. Хате, ки бозингарон иваз мешаванд.





Маводҳои ҷолиб

  • Сумб ҳамчун аъзои ҳаётан муҳим
    Сумб ҳамчун аъзои ҳаётан муҳим Қазияҳои аз ҳама ҷолиб оид ба аспҳо ба сумби онҳо дахл доранд. Сумб дар пойи аспҳо пусти ғафсу дуруштро муаррифӣ менамоянд. Ба ин нигоҳ накарда, сумб бениҳоят ҳассос ва нозук ...
  • Ҳиссиёт ва хотира
    Ҳиссиёт ва хотира Аспҳоро вобаста ба имкониятҳои биноӣ, машом, зебоӣ ва хотира ба ягон ҳайвони дигар муқоиса кардан ғайиимкон аст. Аспҳо ҳамаи бӯйҳоро ба худ гирифта, дар хотир нигоҳ медоранд. Ҳодисаҳои ҷолибе оид ...
  • Мустаҳкамии мӯй ва устухони аспҳо
    Мустаҳкамии мӯй ва устухони аспҳо Далелҳо оид ба аспҳо гувоҳи онанд, ки аз устухони аспҳо дида, мустаҳкамтарин устухон дар ягон ҳайвони дигар дида намешавад. Мустаҳкамии онҳоро ба санги хоро низ шабеҳ медиҳанд, ки он аз ...

Маводҳо дигар

Натиҷаи пойга

 Узбакистон  Муғулистон 4:8
 Туркия  Қирғизистон 3:13
 Қазоқистон  Русия 15:3
 ИМА  Тоҷикистон 2:9
 Маҷористон  Чин 2:9
 Афғонистон  Озарбойҷон 7:0,
бохти техникӣ
© 2020 Федератсияи ҷумҳуриявии «Пойгаи равон ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон