Аксҳо

Хабарҳо

Таъсисёбӣ ва рушди Федератсияи ҷумҳуриявии «Пойгаи равон ва бузкашӣ»

Федератсияи ҷумҳуриявии «Пойгаи равон ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999 бо мақсади рушди соҳаи варзиш, тарзи ҳаёти солим ва тарғибу ташвиқ намудани варзиши миллӣ таъсис ёфтааст.
Мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди пойгаи равон ва бузкашӣ пайваста дар арафаи ҳар иду ҷашнвораҳо ва идҳои миллӣ, аз ҷумла Иди байналмилалии Наврӯз баргузор гардида, дар он човандозони машҳур байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.
Ҳамчунин онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд.
Бояд тазаккур дод, ки ин намуди варзиш дар Осиёи Марказӣ равнақу ривоҷ ёфта, ҳамасола мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба бузкашӣ ташкил ва баргузор карда мешаванд.
Дастаи мунтахаби Федератсияи ҷумҳуриявии «Пойгаи равон ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даврони таъсисёбӣ то ба имрӯз дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ мунтазам ширкат варзида, 2 маротиба дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва 3 маротиба дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар Чемпионати байналмилалӣ оид ба бузкашӣ соҳиби ҷойҳои сеюм гардидаанд.
Мавриди қайд аст, ки нахустин Раиси Федератсияи мазкур Холов Мирзоалӣ буда, то соли 2013 фаъолияти худро идома додааст.
Айни замон, Раиси Федератсияи ҷумҳуриявии «Пойгаи равон ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Машрабзода Ҷамшед Хол мебошад, ки ба ин соҳаи варзиш таваҷҷӯҳи хоса дошта, пайваста чорабиниҳои варзиширо аз намуди пойгаи равон ва бузкашӣ ташкил ва баргузор менамояд.





Маводҳои ҷолиб

  • Мустаҳкамии мӯй ва устухони аспҳо
    Мустаҳкамии мӯй ва устухони аспҳо Далелҳо оид ба аспҳо гувоҳи онанд, ки аз устухони аспҳо дида, мустаҳкамтарин устухон дар ягон ҳайвони дигар дида намешавад. Мустаҳкамии онҳоро ба санги хоро низ шабеҳ медиҳанд, ки он аз ...
  • Сумб ҳамчун аъзои ҳаётан муҳим
    Сумб ҳамчун аъзои ҳаётан муҳим Қазияҳои аз ҳама ҷолиб оид ба аспҳо ба сумби онҳо дахл доранд. Сумб дар пойи аспҳо пусти ғафсу дуруштро муаррифӣ менамоянд. Ба ин нигоҳ накарда, сумб бениҳоят ҳассос ва нозук ...
  • Ҳиссиёт ва хотира
    Ҳиссиёт ва хотира Аспҳоро вобаста ба имкониятҳои биноӣ, машом, зебоӣ ва хотира ба ягон ҳайвони дигар муқоиса кардан ғайиимкон аст. Аспҳо ҳамаи бӯйҳоро ба худ гирифта, дар хотир нигоҳ медоранд. Ҳодисаҳои ҷолибе оид ...

Маводҳо дигар

Натиҷаи пойга

 Узбакистон  Муғулистон 4:8
 Туркия  Қирғизистон 3:13
 Қазоқистон  Русия 15:3
 ИМА  Тоҷикистон 2:9
 Маҷористон  Чин 2:9
 Афғонистон  Озарбойҷон 7:0,
бохти техникӣ
© 2020 Федератсияи ҷумҳуриявии «Пойгаи равон ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон