Аксҳо

Хабарҳо

Мусобиқаи аспдавонӣ барои дарёфти Шоҳҷоиза – автомашинаи «Мерседес»

28Рӯзи 16-уми сентябри соли 2017, мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳипойтахт» баргузор гардид.

Дар мусобиқа 8 пойга баргузор гардида, дар он зиёда аз 40 сар аспҳои зотҳои асили тоҷикӣ, англисӣ ва ахалтекинӣ ширкат варзида, барои дарёфт намудани Шоҳҷоиза – автомашинаи сабукрави «Мерседес» байни ҳам бошиддат қувваозмоӣ намуданд.

Сараввал, ба Дастаи мунтахаби Федератсияи ҷумҳуриявии  пойгаи равон ва бузкашии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанде қабл таҳти роҳбарии муовини Раиси Федератсияи мазкур Ҳакимов Маҳмадӣ дар мусобиқаи байналмилалии бузкашӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон соҳиби ҷойи сеюм гардида буданд, Ҷоми мусобиқа таҳти кафкӯбиҳои мухлисони сершумори ин навъи варзиш супорида шуд.      

27

Сипас, пойга аз аспҳои дусолаи зоти англисӣ шурӯъ гардида, онҳо дар масофаи 1600 метр қувваозмоӣ намуданд.

Дар пойгаи якум 6 сар асп: таҳти рақами 1-ум «Бутсефал» аз ҷониби Аҳмадзода Наврӯз зери роҳбарии Ҳоҷибоев Муминҷон, таҳти рақами 2 «Гаризонт» аз ҷониби Мирзоев Хуршед зери роҳбарии Арбобов Бахтовар, таҳти рақами 3 «Гурдофарид» аз ҷониби Алиев Усмонхон зери роҳбарии Юлдошов Азизбек, таҳти рақами 4 «Паймон» аз ҷониби Шермуҳамммад Шоҳиён зери роҳбарии Саломов Фирдавс, таҳти рақами 5 «Фея» аз ҷониби Мактаби чавгон ва варзиши асп ва таҳти рақами 6 «Файна» аз ҷониби Иброҳимов Сайдулло пешниҳод гардида, зери роҳбарии Зоидов Маҳмуд қувваозмоӣ намуданд.

Дар натиҷа «Паймон» ба марра якумин шуда расид ва соҳиби ҷойи аввал гардид.

Ҷойи дуюм насиби «Горизонт» ва ҷойи сеюмро «Фея»  ишғол намуд.

Дар пойгаи дуюм ба масофаи 1600 метр 4 сар аспҳои зоти тоҷикӣ ҳунарнамоӣ карданд.

25

Аз ҷумла, таҳти рақами 1 «Бағлон» аз ҷониби хоҷагии деҳқонии Мири ноҳияи Ховалинг зери идораи чобуксавор Мирзоев Умед, таҳти рақами 2 «Дагар» аз ҷониби Сатторов Камол зери идораи Арбобов Иброҳим, таҳти рақами 3 «Дарбор» аз ҷониби Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон зери идораи Ашуров Шаҳбоз ва таҳти рақами 4 «Лола» аз ҷониби Мақсудов Собит зери идораи чобуксавор Ҳоҷибоев Муъмин баромад намуданд.

Дар натиҷа соҳиби ҷойи аввал «Лола», ҷойи дуюм «Дарбор» ва ҷойи сеюм «Бағлон» гардиданд.

Дар пойгаи сеюм мусобиқа байни зотҳои омехтаи гуногун баргузор гардида, дар он 6 сар асп ширкат варзид.

26

34

Аз ҷумла, таҳти рақами 1-ум «Виол» аз ҷониби Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» зери роҳбарии Зайниддинов Ориф, таҳти рақаи 2 «Гамбит» аз ҷониби Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» зери идораи чобуксавор Ҷамилов Зайнулло, таҳти рақами 3-юм «Звезда» аз ҷониби хоҷагии деҳқонии «Бегиҷон» чобуксавор Бегиҷонзода Раҳматшо, таҳти рақами 4 «Эверест» аз ҷониби Маҷидзода Шоҳрух зери роҳбарии чобуксавор Сафаров Далер, таҳти рақами 5 «Зарафшон» аз ҷониби Ҷамоатов Абдусамад ва рақами 6 «Ракета» аз ҷониби Қаландаров Шуҳрат пешниҳод гардида, қувваозмоӣ намуданд.

Дар натиҷа аспи «Звезда» соҳиби ҷойи аввал, «Гамбит» ҷойи дуюм ва «Зарафшон» ҷои сеюмро соҳиб шуданд.

Дар пойгаи чорум 3 сар аспи зоти англисӣ аз сесола боло ширкат варзиданд.

Аз он ҷумла, таҳти рақами 1 «Диплом» аз ҷониби Ҳакимов Маҳмадӣ зери идораи чобуксавор Саломов Фирдавс, таҳти рақами 2 «Эпсон» аз ҷониби Саидзода Шоҳрух зери идораи чобуксавор Сатторов Хуршед, таҳти рақами 3 «Гром» аз ҷониби Мактаби чавгон ва варзиши асп зери роҳбарии Манонов Пайрав пешниҳод гардида, қувваозмоӣ намуданд.

Дар натиҷа ҷойи якум насиби аспи «Эпсон», ҷойи дуюм насиби «Гром» ва ҷойи сеюм насиби «Диплом» гардид.

Дар пойгаи 5-ум 8 сар аспи хушзоти тоҷикӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Аз ҷумла, таҳти рақами 1-ум «Гургак» аз ҷониби Қодиров Эмом зери роҳбарии Ашуров Шаҳбол, таҳти рақами 2 «Гургон» аз ҷониби Давлатов Алиҷон зери идораи Арбобов Бахтовар, таҳти рақами 3-юм «Зарб» аз ҷониби хоҷагии деҳқонии Мир чобуксавор Мирзоев Умед, таҳти рақами 4 «Тапаз» аз ҷониби хоҷагии деҳқонии Мири н.Ховалинг зери роҳбарии Сатторов Идибек, таҳти рақами 5 «Гулхан» аз ҷониби Майсобиров Абдувоҳид чобуксавор Зоидов Маҳмуд, таҳти рақами 6 «Регион» аз ҷониби Абдухалил чобуксавор Ҳоҷибоев Мумин, таҳти рақами 7 «Энергетик» аз ҷониби хоҷагии деҳқонии Дошмандии ноҳияи Файзобод чобуксавор Сафаров Далер ва таҳти рақами 8 «Табрик» аз ҷониби Хоҷагии ҷангал зери роҳбарии Қурбонов Абдураҳим қувваозмоӣ намуданд.

Дар натиҷа, ғолибон муайян гардида, ҷойи якумро  аспи «Энергетик», ҷойи дуюмро «Гургон» ва ҷойи сеюмро «Гулхан» ишғол намуданд.

Дар пойгаи 6-уми мусобиқа 4 аспи зоти ахалтекинии аз 4-сола боло қувваозмоӣ намуданд.

33

21

Аз ҷумла, таҳти рақами 1 «Маренго» аз ҷониби Мирзоалиев Муҳаммад, чобуксавор Ҳамроқулов Аслам, таҳти рақами 2 «Алмаз» аз ҷониби Хоҷагии асппарварии Самади ориён, чобуксавор Арбобов Бахтовар, таҳти рақами 3 «Гулру» аз ҷониби Мактаби чавгон ва варзиши сабуки шаҳри Хуҷанд, чобуксавор Юлдошев Азизбек ва таҳти рақами 4 «Губернатор» аз ҷониби Алиматов Нуруллоҳ, чобуксавор Ҷумаев Азамат қувваозоӣ қарданд.

Дар натиҷа «Гулру» соҳиби ҷойи якум, «Алмаз» соҳиби ҷойи дуюм ва «Маренго» соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Дар пойгаи 7-ум бошад, 8 сар аспҳои 4-сола ва болои зоти тоҷикӣ дар масофаи 2000 метр: аз ҷумла, таҳти рақами 1-ум «Гандикап», аз ҷониби хоҷагии деҳқонии Мири н.Ховалинг, чобуксавор Мирзоев Умед, таҳти рақами 2 «Рассвет» аз ҷониби Ҳакимов Маҳмадӣ, зери идораи Ҷумаев Азамат, таҳти рақами 3-юм «Адекват» аз ҷониби хоҷагии деҳқонии Дошмандии н.Файзобод, чобуксавор Сафаров Далер, таҳти рақами 4 «Вибралон» аз ҷониби хоҷагии деҳқонии Дошманди, чобуксавор Ҳайдаров Илҳом, таҳти рақами 5 «Сарват» аз ҷониби Пирмуҳаммадзода Исмоил, чобуксавор Ҳамроқулов Аслам, таҳти рақами 6 «Леопард» аз ҷониби Қаландаров Шуҳрат, чобуксавор худи ӯ, таҳти рақами 7 «Кобра» аз ҷониби Муҳибуллои Бойзода, чобуксавор Арбобов Бахтовар ва таҳти рақами 8 «Тапаз» аз ҷониби Ҷамоатов Абдусамад таҳти роҳбарии Беков Холмаҳмад қувваозмоӣ намуданд.

36

37

Дар натиҷа: ҷойи якум ба аспи «Гандикап», ҷойи дуюм ба «Адекват» ва ҷойи сеюм ба «Вибралон» муяссар гардид.

Дар пойгаи 8-ум қувваозмоӣ барои Шоҳҷоиза – автомашинаи сабукрави «Мерседес» байни 8 сар аспҳои 4-сола ва болои зоти англисӣ дар масофаи 2000 метр бошиддат ҷараён ёфт.

Ҳамин тариқ, таҳти рақами 1-ум «Рахш» аз ҷониби Анушервони Рустам, чобуксавор Саломов Фирдавс, таҳти рақами 2 «Дустам» аз ҷониби Саидзода Шоҳрух, зери идораи чобуксавор Мирзоев Умед, таҳти рақами 3-юм «Суҳроб» аз ҷониби Саидзода Шоҳрух, чобуксавор Хуршед Сатторов, таҳти рақами 4 «Фаввора» аз ҷониби Шермуҳаммад Шоҳиён, чобуксавор Ҳамроқулов Аслам, таҳти рақами 5 «Гулистон» аз ҷониби Алиев Давронхон, чобуксавор Усмонов Шукруллохуҷа, таҳти рақами 6 «Ректор» аз ҷониби Майсобиров Абдувоҳид, чобуксавор Зоидов Маҳмуд, таҳти рақами 7 «Шабдиз» аз ҷониби Машрабов Хуршед, чобуксавор Қодиров Сайдалӣ ва таҳти рақами 8 «Дӯстӣ» аз ҷониби Кароматзода Зубайр, чобуксавор Раскулов Уланбек баромад намуда, барои дарёфти Шоҳҷоиза бошавқу шӯр қувваозмоӣ намуданд.

Дар натиҷа, ба марра аввалин шуда, аспи «Рахш» ҳозир гардида, соҳиби ӯ Шоҳҷоиза – автомашиани «Мерседес»-ро ба даст овард.

«Фаввора» низ паст наомада дуюмин ва «Гулистон»  сеюмин шуда худро ба марра расониданд.

Ҳамин тариқ ғолибон бо Шоҳҷоиза, Ҷом, медал, Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 

29

30

31

Ҷоиза ва мукофотҳоро муовинони Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим, Ҷумъазода Фаррух Турақул, Раиси Федератсияи ҷумҳуриявии пойгаи равон ва бузкашии Ҷумҳурии Тоҷикистон Машрабзода Ҷамшед, муовини Вазири кишоварзӣ Мусоев Нусратуло, директори Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» Хайруллоев Насрулло, аъзои Федератсияи варзиши аспи вилояти Суғд Мақсудов Собит, Раиси ноҳияи И.Сомонӣ Сами Шариф, сардори Раёсати ҷавонони шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ супориданд.

23

22

20

Мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хурсандию хушҳолии мухсилони сершумори ин навъи варзиш анҷом пазируфт.

Гул Маҳбуба

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Маводҳои ҷолиб

  • Ҳиссиёт ва хотира
    Ҳиссиёт ва хотира Аспҳоро вобаста ба имкониятҳои биноӣ, машом, зебоӣ ва хотира ба ягон ҳайвони дигар муқоиса кардан ғайиимкон аст. Аспҳо ҳамаи бӯйҳоро ба худ гирифта, дар хотир нигоҳ медоранд. Ҳодисаҳои ҷолибе оид ...
  • Сумб ҳамчун аъзои ҳаётан муҳим
    Сумб ҳамчун аъзои ҳаётан муҳим Қазияҳои аз ҳама ҷолиб оид ба аспҳо ба сумби онҳо дахл доранд. Сумб дар пойи аспҳо пусти ғафсу дуруштро муаррифӣ менамоянд. Ба ин нигоҳ накарда, сумб бениҳоят ҳассос ва нозук ...
  • Мустаҳкамии мӯй ва устухони аспҳо
    Мустаҳкамии мӯй ва устухони аспҳо Далелҳо оид ба аспҳо гувоҳи онанд, ки аз устухони аспҳо дида, мустаҳкамтарин устухон дар ягон ҳайвони дигар дида намешавад. Мустаҳкамии онҳоро ба санги хоро низ шабеҳ медиҳанд, ки он аз ...

Маводҳо дигар

Натиҷаи пойга

 Узбакистон  Муғулистон 4:8
 Туркия  Қирғизистон 3:13
 Қазоқистон  Русия 15:3
 ИМА  Тоҷикистон 2:9
 Маҷористон  Чин 2:9
 Афғонистон  Озарбойҷон 7:0,
бохти техникӣ
© 2020 Федератсияи ҷумҳуриявии «Пойгаи равон ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон