Аксҳо

Хабарҳо

Ғолибияти дастаи мунтахаби «Федератсияи ҷумҳуриявии пойгаи равон ва бузкашӣ» дар мусобиқаи ҷаҳонӣ

 02

Рӯзҳои 21-27-уми августи соли 2017, дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бузкашӣ баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа 12 даста аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, ИМА, Туркия, Муғулистон, Озарбойҷон, Россия, Венгрия, Хитой ва Афғонистон ширкат варзиданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ дастаи мунтахаби «Федератсияи ҷумҳуриявии пойгаи равон ва бузкашии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ намуда, соҳиби ҷойи сеюм ва ҷоиза дар ҳаҷми 2 миллион тангаи қазоқӣ гардид.

Дар даври аввали мусобиқа дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Қазоқистон ба дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳисоби 3:1 ва дар даври дуюм ба ҳисоби 4:1 ғолиб баромад.

03

Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Қирғизистон соҳиби ҷойи дуюм ва ҷоиза дар ҳаҷми 5 миллион тангаи қазоқӣ гардид.

Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Қазоқистон ба гирифтани ҷои аввал ва шоҳҷоиза – 10 миллион тангаи қазоқӣ мушарраф гардид.

Мавриди қайд аст, ки соли 2013 дар шаҳри Остона мусобиқаи Осиё оид ба бузакашӣ доир гардида, дар он дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Қазоқистон соҳиби ҷои аввал гардида буд.

Соли 2016 бошад, дар Бозиҳои умумиҷаҳонии бодиягардон дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Қирғизистон ба дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Қазоқистон ба ҳисоби 4:2 дастболо гардидааст.

«Бузкашӣ» ва ё «кок-бору» - бозии қадимии аспдавонӣ буда, дар байни халқҳои Осиёи Марказӣ маъмул мебошад. Дар ин бозиҳо савораҳои ду даста барои соҳиб шудан ба тани бузи кушташуда қувваозмоӣ намуда, дар ҳолати соҳиб шудан  онро ба дарвозаи ҳариф ҳаво медиҳанд.

Гул Маҳбуба.

Шарҳҳо  

 
#1 Садриддин 2017-09-11 17:56
Офарин! Хазор ахсан ба човандозони точик, ман бовари дорам, ки дар оянда чои якумро мегиранд!
 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Маводҳои ҷолиб

  • Ҳиссиёт ва хотира
    Ҳиссиёт ва хотира Аспҳоро вобаста ба имкониятҳои биноӣ, машом, зебоӣ ва хотира ба ягон ҳайвони дигар муқоиса кардан ғайиимкон аст. Аспҳо ҳамаи бӯйҳоро ба худ гирифта, дар хотир нигоҳ медоранд. Ҳодисаҳои ҷолибе оид ...
  • Мустаҳкамии мӯй ва устухони аспҳо
    Мустаҳкамии мӯй ва устухони аспҳо Далелҳо оид ба аспҳо гувоҳи онанд, ки аз устухони аспҳо дида, мустаҳкамтарин устухон дар ягон ҳайвони дигар дида намешавад. Мустаҳкамии онҳоро ба санги хоро низ шабеҳ медиҳанд, ки он аз ...
  • Сумб ҳамчун аъзои ҳаётан муҳим
    Сумб ҳамчун аъзои ҳаётан муҳим Қазияҳои аз ҳама ҷолиб оид ба аспҳо ба сумби онҳо дахл доранд. Сумб дар пойи аспҳо пусти ғафсу дуруштро муаррифӣ менамоянд. Ба ин нигоҳ накарда, сумб бениҳоят ҳассос ва нозук ...

Маводҳо дигар

Натиҷаи пойга

 Узбакистон  Муғулистон 4:8
 Туркия  Қирғизистон 3:13
 Қазоқистон  Русия 15:3
 ИМА  Тоҷикистон 2:9
 Маҷористон  Чин 2:9
 Афғонистон  Озарбойҷон 7:0,
бохти техникӣ
© 2020 Федератсияи ҷумҳуриявии «Пойгаи равон ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон