Аксҳо

Хабарҳо

Баррасии масъалаҳо оид ба мусобиқаҳои аспдавонии пойга ва кок-бору (бузкашӣ)

38

Рӯзи 21-юми октбяри соли 2017, дар меҳмонхонаи «Ҳаят-Реҷенси»-и пойтхат ҷаласаи навбатии Федератсияи ҷумҳуриявии пойгаи равон ва бузкашии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Федератсияи мазкур Машрабзода Ҷамшед Хол, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, муовини Раиси ҳамин Федератсия Ҳакимов Маҳмадӣ ва дигар аъзоёни Федератсия аз тамоми шаҳру ноҳия ва вилоятҳо баргузор гардид.

39

Ҷаласаро Раиси Федератсияи ҷумҳуриявии пойгаи равон ва бузкашии Ҷумҳурии Тоҷикистон Машрабзода Ҷамшед Хол ҳусни  оғоз бахшида, зикр кард, ки Ҳукумати мамлакат варзишро ҳамчунякеазсамтҳоиасосиисиёсатииҷтимоиидавлатэътирофнамуда, бароипешрафтион, ҷалбивасеисокиноникишварбомақсадиоммавигардонииварзиш, солимгардонӣватарбияиҷисмурӯҳисолимтадбирҳоимуассирроамалӣмегардонад.

Дар давоми солҳои охир бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон шумораи зиёди иншооти варзишӣ сохта баистифодадодашудаанд, кидаронҳоҷалбиҷавононбанавъҳоигуногуниварзиштавсеаёфта, гузарониданимусобиқаҳоигуногунидохиливубайналмилалӣторафтафзудаистодааст.

40

Бинобар ин, Федератсияи ҷумҳуриявии Пойгаи равон ва бузкашии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пайваста дар арафаи ҳар иду ҷашнвораҳо мусобиқаҳо баргузор менамояд.

Дар рафти ҷаласа масъалаҳои интихоб намудани намояндаҳои Федератсияи мазкур дар шаҳру вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, гузаронидани мусобиқаҳои аспдавонии пойга ва кок-бору (бузкашӣ) ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби аъзоёни Федератсияи ҷумҳуриявии пойгаи равон ва бузкашии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду равнақ додани ин намуди варзиш ва боз ҳам беҳтар гузаронидани мусобиқаҳо таклифҳои судманд пешниҳод карда шуд.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Маводҳои ҷолиб

  • Сумб ҳамчун аъзои ҳаётан муҳим
    Сумб ҳамчун аъзои ҳаётан муҳим Қазияҳои аз ҳама ҷолиб оид ба аспҳо ба сумби онҳо дахл доранд. Сумб дар пойи аспҳо пусти ғафсу дуруштро муаррифӣ менамоянд. Ба ин нигоҳ накарда, сумб бениҳоят ҳассос ва нозук ...
  • Мустаҳкамии мӯй ва устухони аспҳо
    Мустаҳкамии мӯй ва устухони аспҳо Далелҳо оид ба аспҳо гувоҳи онанд, ки аз устухони аспҳо дида, мустаҳкамтарин устухон дар ягон ҳайвони дигар дида намешавад. Мустаҳкамии онҳоро ба санги хоро низ шабеҳ медиҳанд, ки он аз ...
  • Ҳиссиёт ва хотира
    Ҳиссиёт ва хотира Аспҳоро вобаста ба имкониятҳои биноӣ, машом, зебоӣ ва хотира ба ягон ҳайвони дигар муқоиса кардан ғайиимкон аст. Аспҳо ҳамаи бӯйҳоро ба худ гирифта, дар хотир нигоҳ медоранд. Ҳодисаҳои ҷолибе оид ...

Маводҳо дигар

Натиҷаи пойга

 Узбакистон  Муғулистон 4:8
 Туркия  Қирғизистон 3:13
 Қазоқистон  Русия 15:3
 ИМА  Тоҷикистон 2:9
 Маҷористон  Чин 2:9
 Афғонистон  Озарбойҷон 7:0,
бохти техникӣ
© 2020 Федератсияи ҷумҳуриявии «Пойгаи равон ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон