Аксҳо

Хабарҳо

Мусобиқаи аспдавонӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

 33

Рӯзи 5-уми ноябри соли 2017, бо ташаббуси Федератсияи ҷумҳуриявии «Пойгаи равон ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ бахшида ба 23-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» баргузор гардид.
Дар мусобиқа 8 пойга баргузор гардида, дар он зиёда аз 40 сар аспҳои зотҳои асили тоҷикӣ, англисӣ, ахалтекинӣ ва омехтаи гуногун ширкат варзида, барои дарёфт намудани Шоҳҷоиза – автомашинаи сабукрави «Мерседес» байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

45
Пойга аз аспҳои дусолаи зоти тоҷикӣ шурӯъ гардида, онҳо дар масофаи 1600 метр қувваозмоӣ намуданд.
Дар пойгаи якум 4 сар асп: таҳти рақами 1-ум «Бағлон» аз ҷониби хоҷагии деҳқонии Мири ноҳияи Ховалинг, чобуксавор Мирзоев Умед, таҳти рақами 2 «Бомдод» аз ҷониби Давлатов Парвиз зери роҳбарии Исроилов М., таҳти рақами 3 «Дагар» аз ҷониби Сатторов Камол зери роҳбарии Ашуров Шаҳбоз, таҳти рақами 4 «Вахш» аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Файзов Сорбон, қувваозмоӣ намуданд.
Дар натиҷа аспи «Бағлон»-и хоҷагии деҳқонии Мири ноҳияи Ховалинг ба марра дар натиҷаи 1 дақиқаю 58 сония якумин шуда расид ва соҳиби ҷойи аввал гардид.
Ҷойи дуюм насиби «Дагар» дар натиҷаи 1 дақиқаю 59 сония ва ҷойи сеюмро «Бомдод» бо натиҷаи 2 дақиқаи 13 сония ишғол намуданд.

47
Дар пойгаи дуюм ба масофаи 1600 метр 5 сар аспҳои зоти англисӣ ҳунарнамоӣ карданд.
Аз ҷумла, таҳти рақами 1 «Горизонт», соҳиби асп Мирзоев Хуршед, чобуксавор Сатторов Хуршед, таҳти рақами 2 «Паймон» соҳиби асп Шермуҳаммад Шоҳиён, чобуксавор Саломов Фирдавс, таҳти рақами 3 «Валета» соҳиби асп Мирзоалиев Муҳаммад, чобуксавор Ҷамилов Зайнулло, таҳти рақами 4 «Гурдофарид» соҳиби асп Алиев Усмонхон зери идораи чобуксавор Мирзоев Эгамбердӣ ва таҳти рақами 5 «Экстерн» соҳибаш хоҷагии деҳқонии Дошмандии ноҳияи Файзобод, чобуксавор Зуҳуров Рустам баромад намуданд.
Дар натиҷа соҳиби ҷойи аввал «Паймон», ҷойи дуюм «Горизонт» ва ҷойи сеюм «Гурдофарид» гардид.
Дар пойгаи сеюм мусобиқа байни синну соли гуногуни зоти ахалтекинӣ баргузор гардида, дар он 5 сар асп ширкат варзид.
Аз ҷумла, таҳти рақами 1-ум «Маренго» соҳиби асп Мирзоалиев Муҳаммад, чобуксавор Саломов Фирдавс, таҳти рақаи 2 «Гулру» соҳиби асп Ҳусаинов Нуриддин, зери идораи чобуксавор Раупов Абдурауф, таҳти рақами 3-юм «Баҳодур» соҳиби асп Сайфиддинов Фарҳод, чобуксавор Ҷамилов Зайнулло, таҳти рақами 4 «Гебхара» соҳиби асп Сайфиддинов Фарҳод, зери роҳбарии худи ӯ ва таҳти рақами 5 «Губернатор» соҳиби асп Алиматов Абдулло, чобуксавор Хуршед Сатторов, қувваозмоӣ намуданд.
Дар натиҷа аспи «Гулру» соҳиби ҷойи аввал, «Губернатор» ҷойи дуюм ва «Гебхара» ҷои сеюмро соҳиб шуданд.
Дар пойгаи чорум 12 сар аспҳои зотҳои гуногун дар масофаи 1600 метр ширкат варзиданд.
Аз он ҷумла, таҳти рақами 1 «Гамбит» соҳибаш Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» зери идораи чобуксавор Ҷамилов Зайнулло, таҳти рақами 2 «Виол» аз ҷониби Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» зери идораи чобуксавор Зайниддинов Ориф, таҳти рақами 3 «Рамз» соҳибаш Хайруллоев Хуршед зери роҳбарии чобуксавор Арбобов Бахтовар, таҳти рақами 4 «Тунис» соҳибаш КВДҶ Асппарвар, чобуксавор Файзов Сорбон, таҳти 5 «Туруқ» соҳибаш Зиёев Гулмурод, чобуксавор худи ӯ, таҳти рақами 6 «Разбор» соҳиби асп хоҷагии деҳқонии Абдураҳмон, чобуксавор Арбобов Иброҳим, таҳти рақами 7 «Закот» соҳибаш Мамадов Темур, чобуксавор худи ӯ, таҳти рақами 8 «Таманно» соҳибаш Мамадов Темур, чобуксавор Қурбонов Абдураҳим, таҳти рақами 9 «Арганафт» соҳибаш КВДҶ Асппарвар, чобуксавор Каромат, таҳти рақами 10 «Байрам» соҳибаш Алиев Ҷурабек, чобуксавор Амиров Маҳмадалӣ, таҳти рақами 11 «Эверест» соҳибаш Маҷидзода Шоҳрух, чобуксавор Ҳайдаров Илҳом ва таҳти рақами 12 «Озод» соҳибаш Нақибов Ш. ҷобуксавор Файзов С., қувваозмоӣ намуданд.
Дар натиҷа ҷойи якум насиби «Закот» бо натиҷаи 1 дақиқаю 59 сония, ҷойи дуюм насиби «Байрам» бо натиҷаи 2 дақиқа ва ҷойи сеюм насиби «Таманно» дар натиҷаи 2 дақиқаю 2 сония гардид.
Дар пойгаи 5-ум 6 сар аспҳои сесолаи хушзоти тоҷикӣ дар масофаи 2000 метр байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Аз ҷумла, таҳти рақами 1-ум «Гургак» аз ҷониби Қодиров Эмом зери роҳбарии Ашуров Шаҳбол, таҳти рақами 2 «Гургон» аз ҷониби Давлатов Алиҷон, зери идораи Арбобов Бахтовар, таҳти рақами 3-юм «Зарб» аз ҷониби хоҷагии деҳқонии Мир, чобуксавор Мирзоев Умед, таҳти рақами 4 «Тапаз» аз ҷониби хоҷагии деҳқонии Мири н.Ховалинг зери роҳбарии Сатторов Идибек, таҳти рақами 5 «Энергетик» аз ҷониби хоҷагии деҳқонии Дошмандии ноҳияи Файзобод, чобуксавор Зуҳуров Рустам ва таҳти рақами 6 «Гулхан» аз ҷониби Майсобиров Абдувоҳид чобуксавор Зоидов Маҳмуд, қувваозмоӣ намуданд.
Дар натиҷа, ғолибон муайян гардида, ҷойи якумро аспи «Энергетик», ҷойи дуюмро «Гулхан» ва ҷойи сеюмро «Зарб» ишғол намуданд.

46
Дар пойгаи 6-уми мусобиқа 6 сар аспҳои 3-солаи зоти англисӣ дар масофаи 2000 метр қувваозмоӣ намуданд.
Аз ҷумла, таҳти рақами 1 «Баракат» аз ҷониби хоҷагии деҳқонии Дошмандии ноҳияи Файзобод, чобуксавор Зуҳуров Рустам, таҳти рақами 2 «Шарқ» соҳибаш Анушервони Рустам, чобуксавор Саломов Фирдавс, таҳти рақами 3 «Эпсон-Б» соҳибаш Саидов Шоҳрух, чобуксавор Сатторов Хуршед, таҳти рақами 4 «Эҳтиром» аз ҷониби хоҷагии деҳқонии Дошмандии ноҳияи Файзобод, чобуксавор Ҳайдаров Илҳом, таҳти рақами 5 «Гром» соҳибаш Ҳусаинов Нуриддин, чобуксавор Усмонов Шукруллохуҷа ва таҳти рақами 6 «Диплом» соҳибаш Ҳакимов Маҳмадӣ, чобуксавор Ҳамроқулов Аслам, қувваозоӣ қарданд.
Дар натиҷа «Шарқ» бо натиҷаи 2 дақиқаю 6 сония соҳиби ҷойи якум, «Эпсон-Б» бо натиҷаи 2 дақиқаю 12 сония соҳиби ҷойи дуюм ва «Диплом» бо натиҷаи 2 дақиқаю 16 сония соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Дар пойгаи 7-ум бошад, 10 сар аспҳои 4-сола ва болои зоти тоҷикӣ дар масофаи 2400 метр: аз ҷумла, таҳти рақами 1-ум «Адекват», аз ҷониби хоҷагии деҳқонии Дошмандии ноҳияи Файзобод, чобуксавор Ҳайдаров Илҳом, таҳти рақами 2 «Багром» соҳибаш Ятимов Раҷаб, чобуксавор худи ӯ, таҳти рақами 3-юм «Звезда» аз ҷониби хоҷагии деҳқонии Бегиҷони н.Роғун, чобуксавор Бегиҷонзода Раҳматшо, таҳти рақами 4 «Взлёт» аз ҷониби хоҷагии деҳқонии Дошманди, чобуксавор Зуҳуров Рустам, таҳти рақами 5 «Вибралон» аз ҷониби хоҷагии деҳқонии Дошманди, чобуксавор Арбобов Наврӯз, таҳти рақами 6 «Гандикап» соҳибаш хоҷагии деҳқонии Мири ноҳияи Ховалинг, чобуксавор Мирзоев Умед, таҳти рақами 7 «Кобра» аз ҷониби Муҳибуллои Бойзода, чобуксавор Шаҳбоз, таҳти рақами 8 «Рассвет» соҳибаш Ҳакимов Маҳмадӣ, чобуксавор Ҷумаев Азамат, таҳти рақами 9 «Сарват» соҳибаш Пирмуҳаммадзода Исмоил, чобуксавор Ҳамроқулов Аслам ва таҳти рақами 10 «Сафо» соҳибаш Мамадов Темур, чобуксавор Ҷалматов Мусулмон, қувваозмоӣ намуданд.
Дар натиҷа: ҷойи якум ба аспи «Гандикап», ҷойи дуюм ба «Адекват» ва ҷойи сеюм ба «Рассвет» муяссар гардид.
Дар пойгаи 8-ум қувваозмоӣ барои Шоҳҷоиза – автомашинаи сабукрави «Мерседес» байни 5 сар аспҳои 4-сола ва болои зоти англисӣ дар масофаи 2400 метр бошиддат ҷараён ёфт.

44
Ҳамин тариқ, таҳти рақами 1 «Рахш» соҳибаш Анушервони Рустам, чобуксавор Саломов Фирдавс, таҳти рақами 2 «Гулистон» соҳибаш Алиев Давронхон, зери идораи чобуксавор Усмонов Шукруллохуҷа, таҳти рақами 3 «Дӯстӣ» соҳибаш Рамазонзода Зубайд, чобуксавор Сатторов Хуршед, таҳти рақами 4 «Фаввора» соҳибаш Шермуҳаммад Шоҳиён, чобуксавор Ҳамроқулов Аслам ва таҳти рақами 5 «Эксперт» соҳибаш хоҷагии деҳқонии Дошмандии ноҳияи Файзобод, чобуксавор Абобов Наврӯз баромад намуда, барои дарёфти Шоҳҷоиза бошавқу шӯр қувваозмоӣ намуданд.
Дар натиҷа, ба марра аввалин шуда, аспи «Рахш» ҳозир гардида, соҳиби ӯ Шоҳҷоиза – автомашинаи «Мерседес»-ро ба даст овард.
«Дӯстӣ» низ паст наомада дуюмин ва «Фаввора» сеюмин шуда худро ба марра расониданд.
Ҳамин тариқ ғолибон бо Шоҳҷоиза, Ҷом, медал, Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ҷоиза ва мукофотҳоро муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим, муовини Раиси Федератсияи ҷумҳуриявии «Пойгаи равон ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Маҳмадӣ, муовини Вазири кишоварзӣ Мусоев Нусратуло, директори Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» Хайруллоев Насрулло, Раиси ноҳияи И.Сомонӣ Сами Шариф, сардори Раёсати ҷавонони шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ супориданд.
Мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ бахшида ба 23-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хурсандию хушҳолии мухсилони сершумори ин навъи варзиш анҷом пазируфт.
Гул Маҳбуба

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Маводҳои ҷолиб

  • Сумб ҳамчун аъзои ҳаётан муҳим
    Сумб ҳамчун аъзои ҳаётан муҳим Қазияҳои аз ҳама ҷолиб оид ба аспҳо ба сумби онҳо дахл доранд. Сумб дар пойи аспҳо пусти ғафсу дуруштро муаррифӣ менамоянд. Ба ин нигоҳ накарда, сумб бениҳоят ҳассос ва нозук ...
  • Ҳиссиёт ва хотира
    Ҳиссиёт ва хотира Аспҳоро вобаста ба имкониятҳои биноӣ, машом, зебоӣ ва хотира ба ягон ҳайвони дигар муқоиса кардан ғайиимкон аст. Аспҳо ҳамаи бӯйҳоро ба худ гирифта, дар хотир нигоҳ медоранд. Ҳодисаҳои ҷолибе оид ...
  • Мустаҳкамии мӯй ва устухони аспҳо
    Мустаҳкамии мӯй ва устухони аспҳо Далелҳо оид ба аспҳо гувоҳи онанд, ки аз устухони аспҳо дида, мустаҳкамтарин устухон дар ягон ҳайвони дигар дида намешавад. Мустаҳкамии онҳоро ба санги хоро низ шабеҳ медиҳанд, ки он аз ...

Маводҳо дигар

Натиҷаи пойга

 Узбакистон  Муғулистон 4:8
 Туркия  Қирғизистон 3:13
 Қазоқистон  Русия 15:3
 ИМА  Тоҷикистон 2:9
 Маҷористон  Чин 2:9
 Афғонистон  Озарбойҷон 7:0,
бохти техникӣ
© 2020 Федератсияи ҷумҳуриявии «Пойгаи равон ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон