Аксҳо

Хабарҳо

Бахшида ба Рӯзи Президент ва Соли ҷавонон мусобиқаи аспдавонӣ баргузор гардид

48

Рӯзи 19-уми ноябри соли 2017, бо ташаббус ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ташаббуси Федератсияи ҷумҳуриявии «Пойгаи равон ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Федератсияи Футболи Тоҷикистон мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» баргузор гардид.
Дар мусобиқа 7 пойга баргузор гардида, дар он зиёда аз 36 сар аспҳои зотҳои асили тоҷикӣ, англисӣ, ахалтекинӣ ва омехтаи гуногун ширкат варзида, барои дарёфт намудани Шоҳҷоиза – автомашинаи сабукрави «Мерседес» байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

49
Пойга аз аспҳои дусолаи зоти тоҷикӣ шурӯъ гардида, онҳо дар масофаи 1600 метр қувваозмоӣ намуданд.
Дар пойгаи якум 6 сар асп: таҳти рақами 1 «Бағлон» аз ҷониби хоҷагии деҳқонии «Мир»-и ноҳияи Ховалинг, чобуксавор Мирзоев Умед, таҳти рақами 2 «Бомдод» аз ҷониби Давлатов Парвиз зери роҳбарии Зуҳуров Рустам, таҳти рақами 3 «Дарбор» аз ҷониби Муассисаи давлатии зотпарварии ба номи Сафар Шерназаров зери роҳбарии Сатторов Хуршед, таҳти рақами 4 «Приз» аз ҷониби хоҷагии деҳқонии «Дошмандӣ»-и ноҳияи Файзобод зери роҳбарии Ятимов Шоҳрух, таҳти рақами 5 «Араб» аз ҷониби Алиев Ҷурабек зери роҳбарии чобуксавор Алиев Ҳамрозиддин ва таҳти рақами 6 асп бо лақаби «Вахш» аз ҷониби КВДҶ «Асппарвар» чобуксавор Файзов Сорбон қувваозмоӣ намуданд.
Дар натиҷа асп бо лақаби «Приз»-и хоҷагии деҳқонии «Дошмандӣ»-и ноҳияи Файзобод ба марра дар натиҷаи 1 дақиқаю 48 сония якумин шуда расид ва соҳиби ҷойи аввал гардид.
Ҷойи дуюм насиби «Бомдод» дар натиҷаи 1 дақиқаю 56 сония ва ҷойи сеюмро «Бағлон» бо натиҷаи 1 дақиқаи 58 сония ишғол намуд.

50
Дар пойгаи дуюм ба масофаи 1600 метр 4 сар аспҳои зоти англисӣ ҳунарнамоӣ карданд.
Аз ҷумла, таҳти рақами 1 «Горизонт», соҳиби асп Мирзоев Хуршед, чобуксавор Мирзоев Умед, таҳти рақами 2 «Паймон» соҳиби асп Мирзоалиев Муҳаммад, чобуксавор Саломов Фирдавс, таҳти рақами 3 «Валета» соҳиби асп Мирзоалиев Толиб, чобуксавор Арбобов Бахтовар ва таҳти рақами 4 «Гурдофарид» соҳиби асп Алиев Усмонхон зери идораи чобуксавор Мирзоев Эгамбердӣ баромад намуданд.
Дар натиҷа соҳиби ҷойи аввал асп бо лақаби «Паймон» дар вақти 1 дақиқаю 38 сония, ҷойи дуюм «Горизонт» дар вақти 1 дақиқаю 49 сония ва ҷойи сеюм «Валета» дар вақти 1 дақиқаю 52 сония гардиданд.
Дар пойгаи сеюм мусобиқа байни синну соли гуногуни зоти ахалтекинӣ дар масофаи 1600 метр баргузор гардида, дар он 6 сар асп ширкат варзид.
Аз ҷумла, таҳти рақами 1-ум «Виол» соҳиби асп МД «Наврӯзгоҳ», чобуксавор Зайниддинов Ориф, таҳти рақаи 2 «Рамз» соҳиби асп Хайруллоев Хуршед, зери идораи чобуксавор Ҷумаев Азамат, таҳти рақами 3-юм «Гулру» соҳиби асп Ҳусейнов Нуриддин, чобуксавор Юнусов Рамазон, таҳти рақами 4 «Маренго» соҳиби асп Мирзоалиев Муҳаммад, чобуксавор Саломов Фирдавс, таҳти рақами 5 «Губернатор» соҳиби асп Алиматов Абдулло, чобуксавор Хуршед Сатторов ва таҳти 6 «Тулуъ» соҳиби асп Ҷалматов Абдусамад, чобуксавор Ҷалматов Мусулмон қувваозмоӣ намуданд.

51
Дар натиҷа аспи «Гулру» соҳиби ҷойи аввал, «Маренго» ҷойи дуюм ва «Виол» ҷои сеюмро соҳиб шуданд.
Дар пойгаи чорум 6 сар синну соли гуногуни зотҳои тоҷикӣ дар масофаи 1600 метр ширкат варзиданд.
Аз он ҷумла, таҳти рақами 1 «Гамбит» соҳибаш Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» зери идораи чобуксавор Арбобов Бахтовар, таҳти рақами 2 «Эверест» аз ҷониби Маҷидзода Шоҳрух зери идораи чобуксавор Ҳайдаров Илҳом, таҳти рақами 3 «Кобра» соҳибаш Муҳибулои Бойзода зери роҳбарии чобуксавор Шаҳбоз, таҳти рақами 4 «Звезда» соҳибаш ХД «Бегиҷон», чобуксавор Бегиҷонзода Раҳматшо, таҳти 5 «Таманно» соҳибаш Ҷалматов Абдусамад, чобуксавор Ҷалматов Мусулмон ва таҳти рақами 6 «Байрам» соҳиби асп Алиев Ҷурабек, чобуксавор Алиев Маҳмадалӣ қувваозмоӣ намуданд.
Дар натиҷа ҷойи якум насиби «Звезда» бо вақти 1 дақиқаю 54 сония, ҷойи дуюм насиби «Гамбит» бо натиҷаи 1 дақиқаю 58 сония ва ҷойи сеюм насиби «Байрам» бо вақти 2 дақиқаи расо гардид.

52
Дар пойгаи 5-ум 4 сар аспҳои сесолаи хушзоти тоҷикӣ дар масофаи 2000 метр байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Аз ҷумла, таҳти рақами 1-ум «Гургон» аз ҷониби Давлатов Алиҷон зери роҳбарии Мирзоев Умед, таҳти рақами 2 «Аттор» аз ҷониби ХД «Мир»-и ноҳияи Бегиҷон, зери идораи Арбобов Бахтовар, таҳти рақами 3-юм «Энергетик» аз ҷониби хоҷагии деҳқонии «Дошмандӣ»-и ноҳияи Файзобод, чобуксавор Зуҳуров Рустам ва таҳти рақами 4 «Гулхон» аз ҷониби Майсобиров Абдувоҳид зери роҳбарии Зоидов Маҳмудҷон қувваозмоӣ намуданд.
Дар натиҷа, ғолибон муайян гардида, ҷойи якумро аспи «Энергетик», ҷойи дуюмро «Гулхан» ва ҷойи сеюмро «Гургон» ишғол намуданд.
Дар пойгаи 6-уми мусобиқа 6 сар аспҳои 4-сола ва болои зоти тоҷикӣ дар масофаи 2400 метр қувваозмоӣ намуданд.
Аз ҷумла, таҳти рақами 1 «Адекват» аз ҷониби хоҷагии деҳқонии «Дошмандӣ»-и ноҳияи Файзобод, чобуксавор Ҳайдаров Илҳом, таҳти рақами 2 «Вибралон» соҳибаш хоҷагии деҳқонии «Дошмандӣ»-и ноҳияи Файзобод, чобуксавор Арбобов Фирдавс, таҳти рақами 3 «Гандикап» соҳибаш ХД «Мир»-и ноҳияи Ховалинг, чобуксавор Мирзоев Умед, таҳти рақами 4 «Рассвет» аз ҷониби Ҳакимов Маҳмадӣ, чобуксавор Ҷумаев Азамат, таҳти рақами 5 «Сарват» соҳибаш Камолов Саиданвар, чобуксавор Ҳамроқулов Аслам ва таҳти рақами 6 «Закот» соҳибаш Ҷалматов Абдусамад, чобуксавор Мамадов Абдуқаҳор, қувваозоӣ карданд.

53
Дар натиҷа «Гандикап» бо натиҷаи 2 дақиқаю 52 сония соҳиби ҷойи якум, «Вибралон» бо натиҷаи 2 дақиқаю 53 сония соҳиби ҷойи дуюм ва «Адекват» бо натиҷаи 2 дақиқаю 54 сония соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Дар пойгаи 7-ум бошад, 6 сар аспҳои 3-сола зоти англисӣ дар масофаи 2000 метр: таҳти рақами 1 «Шарқ» соҳибаш Анушервони Рустам, чобуксавор Саломов Фирдавс, таҳти рақами 2 «Баракат» ХД «Дошмандӣ»-и ноҳияи Файзобод, зери идораи чобуксавор Зуҳуров, таҳти рақами 3 «Эпсон-Б» соҳибаш Саидов Шоҳрух, чобуксавор Сатторов Хуршед, таҳти рақами 4 «Экстримал» соҳибаш ХД «Дошмандӣ»-и ноҳияи Файзобод, Арбобов Наврӯз, таҳти рақами 5 «Диплом» соҳибаш Ҳакимов Маҳмадӣ, чобуксавор Ҳамроқулов Аслам ва таҳти рақами 6 асп бо лақаби «Гром» соҳибаш Ҳусейнов Нуриддин чобуксавор Усмонов Шукруллохоҷа баромад намуда, барои дарёфти Шоҳҷоиза бошавқу шӯр қувваозмоӣ намуданд.
Дар натиҷа, ба марра аввалин шуда, дар вақти 2 дақиқаю 4 сония аспи «Шарқ» ҳозир гардида, соҳиби ӯ Шоҳҷоиза – автомашинаи «Мерседес»-ро ба даст овард.
«Эпсон-Б» низ паст наомада дар вақти 2 дақиқаю 18 сония дуюмин ва «Баракат» дар вақти 2 дақиқаю 20 сония сеюмин шуда, худро ба марра расониданд.

54
Ҳамин тариқ ғолибон бо Шоҳҷоиза, Ҷом, медал, Ифтихорнома, маблағҳои пулӣ ва телевизорҳои ранга қадрдонӣ карда шуданд.
Ҷоиза ва мукофотҳоро муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим, Раиси Федератсияи ҷумҳуриявии «Пойгаи равон ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Машрабзода Ҷамшед Хол, муовини Вазири кишоварзӣ Мусоев Нусратуло, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо, директори Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» Хайруллоев Насрулло, Раиси ноҳияи И.Сомонӣ Сами Шариф, аъзои Федератсияи ҷумҳуриявии «Пойгаи равон ва бузкашӣ аз вилояти Суғд Алиев Даврон ва дигар шахсони расмӣ супориданд.
Мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» бо хурсандию хушҳолии мухсилони сершумори ин навъи варзиш анҷом пазируфт.
Гул Маҳбуба

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Маводҳои ҷолиб

  • Сумб ҳамчун аъзои ҳаётан муҳим
    Сумб ҳамчун аъзои ҳаётан муҳим Қазияҳои аз ҳама ҷолиб оид ба аспҳо ба сумби онҳо дахл доранд. Сумб дар пойи аспҳо пусти ғафсу дуруштро муаррифӣ менамоянд. Ба ин нигоҳ накарда, сумб бениҳоят ҳассос ва нозук ...
  • Ҳиссиёт ва хотира
    Ҳиссиёт ва хотира Аспҳоро вобаста ба имкониятҳои биноӣ, машом, зебоӣ ва хотира ба ягон ҳайвони дигар муқоиса кардан ғайиимкон аст. Аспҳо ҳамаи бӯйҳоро ба худ гирифта, дар хотир нигоҳ медоранд. Ҳодисаҳои ҷолибе оид ...
  • Мустаҳкамии мӯй ва устухони аспҳо
    Мустаҳкамии мӯй ва устухони аспҳо Далелҳо оид ба аспҳо гувоҳи онанд, ки аз устухони аспҳо дида, мустаҳкамтарин устухон дар ягон ҳайвони дигар дида намешавад. Мустаҳкамии онҳоро ба санги хоро низ шабеҳ медиҳанд, ки он аз ...

Маводҳо дигар

Натиҷаи пойга

 Узбакистон  Муғулистон 4:8
 Туркия  Қирғизистон 3:13
 Қазоқистон  Русия 15:3
 ИМА  Тоҷикистон 2:9
 Маҷористон  Чин 2:9
 Афғонистон  Озарбойҷон 7:0,
бохти техникӣ
© 2020 Федератсияи ҷумҳуриявии «Пойгаи равон ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон