Рӯзи 10 декабри соли 2017, дар деҳаи Ёрии Панҷакент мусобиқаи бузурги бузкашӣ бо ширкати ҳудуди 500 човандоз аз саросари Тоҷикистон доир шуд. Солим ё ҷоизаи аввали ин мусобиқаро "Пайкон” – аспи раиси Суди олӣ Шермуҳаммади Шоҳиён ва ҷоизаи дуюмро "Геракл” – аспи Исмоил Соҳибов аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба даст оварданд.
Дар мусобиқаи бузкашии Ёрӣ ҳамчун ҷоиза 10 шутур, 18 сар асп, 25 гов, даҳҳо сар бузу гӯсфанд ва ҳамчунин тӯҳфаҳои пулӣ гузошта шуда буд. Ба ин мусобиқа човандозон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ҳамчунин аз Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қазоқистон даъват шуда буданд.
Масъулони Федератсияи ҷумҳуриявии пойгаи равон ва бузкашии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ҳадафҳои мусобиқа иттило доданд, ки: "Асп барои мо, мардуми тоҷик, як ҷонвари бахосият шумурда мешавад. Мардуми мо аз қадим ба асппарвариву аспдавонӣ муҳаббат ва алоқаи хосе доштанд. Бо баргузории ин мусобиқаи бузкашӣ мо ҳам табъи мухлисонро шод месозем ва ҳам мардумро бо якдигар наздиктар мекунем, дӯстии байни мардум аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон мустаҳкамтар мешавад.”
Дар мусобиқа солими аввалро "Пайкон” – аспи раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён баровард. "Пайкон” барои соҳибаш аз бузкашии Ёрӣ як шутур, як асп ва як сар гову 500 сомонӣ овард. Шермуҳаммади Шоҳиён соҳиби чандин сар аспҳои хушзот аст ва "Спартак” – аспи дигари Шермуҳаммади Шоҳиён низ дар бузкашии Ёрӣ низ як уштур, 5 сар гов ва 5 буз бурд.
Мукофоти дувуми ин бузкаширо, ки як сар уштур буд, аспи "Геракл”-и Исмоил Соҳибов аз шаҳри Қӯрғонтеппа гирифт.
Аспи Ҳоҷӣ Раҳмонқул Каримов бо лақаби "Ханҷари Панҷакент” дар ин мусобиқа барои соҳибаш як сар уштур, 5 буз ва 5 гӯсфанд ҷоиза овард.
Дар бузкашии Ёрӣ ҳамчунин аспи "Ракита” аз Умед ном нафаре аз Кӯлоб ва аспи Фатҳулло Соҳибов бо лақаби "Номуси Хатлон” низ соҳиби ҷоизаҳо шуданд.
Бозии бузкашӣ дар Тоҷикистон шӯҳрату мухлиси зиёд дорад. Ин гуна мусобиқаҳо: аспдавонӣ, пойга ва бузкашӣ, дар солҳои охир бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ташаббуси Федератсияи ҷумҳуриявии «Пойгаи равон ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Федератсияи Футболи Тоҷикистон равнақу ривоҷ ёфта, аспсавориву асппарварӣ ба як шуғли дӯстдоштаи ҷавонон табдил ёфтааст.
![]() |
![]() |
4:8 |
![]() |
![]() |
3:13 |
![]() |
![]() |
15:3 |
![]() |
![]() |
2:9 |
![]() |
![]() |
2:9 |
![]() |
![]() |
7:0, бохти техникӣ |