Федератсияи ҷумҳуриявии «Пойгаи равон ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 31-уми марти соли 2018, соати 14:00, ҳамаи хоҳишмандонро ба мусобиқаи байналмилалии аспдавонӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии «Наврӯз», ки дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» баргузор мегардад, даъват менамояд.
Мусобиқаи байналмилалии аспдавонӣ бо мақсади рушди соҳаи варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва солимгардонии ҷомеа бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир карда мешавад.
Мусобиқа бо ширкати аспҳои ватанию хориҷӣ, аз он ҷумла Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон роҳандозӣ гардида, хоҳишмандон метавонанд дар пойгаи мазкур аспҳои худро пешниҳод намуда, фаъолона иштирок намоянд.
Ғолибонро ҷоиза ва мукофотҳои қимматбаҳо интизор аст.
Мӯҳлати охирини қабули дархостҳо 25-уми марти соли 2018.
Телефонҳо барои тамос: 907 50 77 77; 900-09-14-65
![]() |
![]() |
4:8 |
![]() |
![]() |
3:13 |
![]() |
![]() |
15:3 |
![]() |
![]() |
2:9 |
![]() |
![]() |
2:9 |
![]() |
![]() |
7:0, бохти техникӣ |