Ба таваҷҷуҳи сокинони пойтахт расонида мешавад, ки рӯзи 21 апрели соли 2018, соати 14:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба муносибати таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад.
Мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ бо мақсади рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, ташвиқи тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат, ваҳдати миллӣ байни варзишгарон ва баланд бардоштани маҳорати касбии чобуксаворон бо ташаббуси бевоситаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир мегардад.
Дар мусобиқа варзишгарони пойгаи аспдавонӣ аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат меварзанд.
Мусобиқа бо иштироки аспҳои зоти тоҷикӣ, англисӣ ва ахалтекинӣ роҳандозӣ гардида, хоҳишмандон метавонанд дар он фаъолона иштирок намоянд.
Ғолибонро ҷоиза ва мукофотҳои қимматбаҳо интизор аст.
![]() |
![]() |
4:8 |
![]() |
![]() |
3:13 |
![]() |
![]() |
15:3 |
![]() |
![]() |
2:9 |
![]() |
![]() |
2:9 |
![]() |
![]() |
7:0, бохти техникӣ |