Аксҳо

Хабарҳо

Аспҳои зеботарин дар ҷаҳон, 5 зоти беҳтарин

13

Беохир метавон аз дӯстдорони ин намуди ҳайвон пурсид, ки кадоме аз аспҳо аз ҳама зебоянд. Аксарияти чунин одамон аз ҳар як асп ниҳоят шод мегарданд. Таннозии аспҳо лоиқи мафтун гаштан аст, чашмҳои меҳрубон ва фаттони онҳо дилҳоро тасхир мекунад. Агар аз ин гуна парастиши ҳар як аспро каме дуртар гузорем, метавонем рӯйхати аспҳои зеботарини дунёро, ки бо такя ба фикри аксарияти одамони бо асппарварӣ алоқаманд таҳия шудааст, номбар намоем.

Инак, рӯйхати аспҳои зеботарини дунё дар расм ва тавсифи зотҳои онро пешкаши хонандагони гиромӣ менамоем.

19

Ҷойи 5-умро ишғол намудааст: аспи савораи англисӣ

Ин аспҳои зебои Англия на танҳо бо тезпоии ғайриоддӣ, балки бо намуди зоҳирии зебои худ фарқ мекунанд. Ин аспҳо одатан якранг мебошанд. Аксар вақт, аспҳои ранги ҷиран, сурхи сиёҳтоб, туруқ, инчунин ранги сиёҳи торикро вохӯрдан мумкин аст. Устухони аспи савораи хушзот борик мебошад. Мушакҳо ва рагу пайвандаш баръало намоёнанд. Гузашта аз ин, пӯсти ин аспи зебо тунук ва чандир аст. Аспҳои ин зот бо сари хушк ва пушти сари дарозтар, инчунин ёли баланди дароз фарқ мекунанд. Дар пойҳои аспҳои савораи англисӣ пашму қил вуҷуд надорад.

Дар бораи феълу хислати ин намуди аспҳо

Аспи хушзоти англисӣ мизоҷан серҳаракату боғайратанд. Вокуниши ин асп хеле тез аст, дар тамринҳо ин асп қобилияти барзиёд сарф намудани қувваи худро дорад.

Дар бораи таърихи зот

Дар Бритониёи Кабир, аз даврони Юлий Сезар, аспҳои даванди тезпо ва бақувват зиёд буданд. Вақте, ки силоҳи оташфишон пайдо гашт, ба аспҳои даванди сабук ва тездав ниёз пайдо шуд. Асри ҳаждаҳ бо пайдо гаштани аспҳои хушзоти савора дар Англия машҳур гардида буд. "Маводи" ибтидоӣ барои парвариш аспҳои шарқӣ буданд. Дар вақти интихоб ба нишондиҳандаҳои суръат ҳангоми пойгаи аспдавонӣ аҳамияти калон дода мешуд. Корхонадорони подшоҳон байталҳои авлоди испанӣ, инчунин хуни маҷоридоштаро барои насл гирифтан мефиристоданд. Аспҳои нарро бошанд, истеҳсолкунандагон хуни шарқиёнаро интихоб мекарданд. Онҳо аз майдони ҷанг оварда мешуданд. Асосгузори зотро ба аспи нари Турк Бйерлей рабт медонанд. Ба беҳтар гаштани ин зоти аспҳо рушди варзиши асп дар Англия мусоидат кард.

18

Ҷои 4-юм насиби зоти аспи резапои Орёл мегардад

Ин аспи олиҷаноб бинобар он, ки сохти бадани зебо ва хушоҳанг дорад, ҳеҷ касро бетараф гузошта наметавонад. Аспи резапои Орёлро ифтихор ва шарафи асппарварӣ дар Россия медонанд. Ин асп ба таври ирсӣ қобилияти пойгаи босуръати тезро дорад.

Резапои Орёл ба шарофати ранги ғайриоддии хокистарӣ касро мафтун месозад. Ҳамчунин дар байни ин зоти аспҳо намуди оддӣ ҳам вомехӯранд, аммо онҳо аз ҳама зеботаранд. Гардани ин асп тарҳи зебои ба монанди гардани қӯ дошта, ҳаракатҳои ӯ бо хушхиромӣ фарқ мекунад, қомати бошукӯҳ дорад. Диққати махсусро чашмони ин асп ҷалб месозад, ки бо шӯълаи аҷиб ва фасоҳат фарқ мекунад.

Дар бораи феълу хислати Орёл

Дар табиати аспи резапои Орёл оромӣ ва меҳрубонӣ дида мешавад, ки он барои серҳаракат будан дар пойга халал намерасонад.

17

Мақоми ифтихории сеюм: Фриз

Шояд, дар байни дӯстдорони асп нафаре набошад, ки аспҳои намуди Фризро нашиносад. Ин аспи зебои бовиқори сиёҳранг ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳ аст. Ба ақидаи бисёриҳо - ин аз ҳама аспи зебо дар ҷаҳон аст. Гардани ин аспи зебо баланд ва қавии он боазамат аст. Ёлу думи хеле дароз ва ғафсу фахида мебошанд. Пойҳои дарози Фризро қилу мӯй оро медиҳанд, ки ба суми ранги сиёҳ мефароянд. Хусусияти фарқкунандаи ин аспҳоро метавон ранги сиёҳи онро номид, гарчанде, ки дар замонҳои қадим фризҳоеро вохӯрдан мумкин буд, ки ранги туруқро доштанд ва хеле кам ҳам набуданд.

Дар бораи феълу хислати Фриз

Аспи зоти Фриз бо қувваи зиёд ва инчунин бо ботамкинии феълу атвораш фарқ мекунад. Чунин ҳамоҳангии сифатҳо ин аспро дар савор гаштани шахсони ҳавасманд беҳамто мегардонад. Аспҳои ин зот ҳам барои афзоли фойтун ва ҳам зери зин барои иҷрои унсурҳои ба саворӣ одат кунондаи тойҳо хуб ҳастанд. Аспҳои намуди Фриз ҳангоми ба фойтун бастан бо шарофати нигоҳи тези зебо хеле мувофиқ назар мекунанд.

16

Сазовори ҷойи 2-юм: Ахалтекинӣ

Ин зоти қадими аспҳо - ифтихори асппарварони мардуми туркман мебошад. Диққати махсусро сохти бадани мавзуни аспи зебои ахалтекинӣ ҷалб мекунад. Барои хушкидӯстӣ ва феълу атвори ғайриоддӣ, ин аспро ҳатто "тездави биёбонӣ " меноманд. Номи зот аз номи воҳа, инчунин, аз номи як қабилаи туркман пайдо гаштааст. Кадоме аз мардуми туркманро напурсед, ки аз ҳама аспони зебо кадоманд, дар ҷавоб ахалтекиниро нишон медиҳанд.

Ахалтекинӣ бо сари сабук ва гӯшҳои зебояш дилро тасхир месозад. Инчунин, бо чашмҳои бениҳоят бузург ва фаттон писанд меояд. Гардани ин асп хеле дароз ва борик аст, пойҳояш мавзуну дарозанд. Зебоию нафосати ин асп тасхиркунанда аст. Бо шарофати пӯсти тунук ва пашми абрешимиаш ин асп як тасвирро мемонад.

Дар бораи феълу хислати аспҳои Ахалтекинӣ

Оиди хислати ҷӯшу хурушдошта ва вафодории ин асп ба соҳибаш ривоятҳо мавҷуд аст. Чун анъана, ғизои ин аспҳо аз еми кам, вале ғизонок иборат аст. Ем дар биёбони хушк маҳдуд буд, аз ин лиҳоз аспи ахалтекинӣ ба одамон хеле вобастагӣ дошт. Ин аспҳо ҳамеша аз ҷониби соҳибонашон бо ғамхорию муҳаббат иҳота шуда буданд, шояд, аз ин сабаб онҳо нозпарварда менамоянд. Соҳибаш аспро ба ҳимояи худ гирифта, ба бегонагон бовар надоштанро омӯзонидааст. Баъзе аз асппарварон ин хислати хоси аспро феълу хӯи вазнин медонанд.

Аспҳои ахалтекинӣ дар давҳои масофааш зиёд бениҳоят тобоваранд, онҳо муддати тӯлонӣ метавонанд бе об гарданд. Туркманҳо аксар вақт афзоли ин аспҳоро бо нуқра, инчунин бо сангҳои қимматбаҳо оро медиҳанд. Дар гардани асп тӯмор бо иқтибосҳо аз Қуръон меовезанд.

14

15

Ҷойи 1: Аспҳои даванди арабӣ – аз ҳама аспҳои зебо!

Аспҳои ин зоти аз ҳама қадим ва тозатарини дунёро аз ҳама зебо дар ҷаҳон мешуморанд. Намуди "шӯртан"-и сари ин асп беҳамтост. Чашмони вай бениҳоят муассиранд, ҳаракатҳояш бошад бо равонии аҷибаш фарқкунанда аст.

Пайдоиши ин аспи бениҳоят зебо сирру асроре ба худ дорад. Чунин мешуморанд, ки ин асп ҳадяи Аллоҳ аст, ки дар асп суръати шамол, зебоии ғайризаминӣ ва пӯшти бароҳатро барои савораи он мутобиқ гардонидааст.

Барҷастагии пешонаи аспи арабиро мусулмонон бо баракати (дуои хайри) Ҳақ Таоло алоқаманд медонанд. Думи баланд бардошташуда ғуруру виқорро маънидод мекард.

Аз замонҳои қадим, инкишофи зот дар иҳотаи маҳдуд (изолятсия) гузаронида мешуд, қоидаҳои хеле қатъии наслгирӣ риоя мегардид, ки ба омехтагии хуни бегона пешгирӣ карда мешуд.

Бодиянишинҳо аспҳои худро хеле қадр мекарданд, ҳадяи гаронбаҳо байтали арабӣ дониста мешуд. Дар асппарварии муосир ин аспҳои хуб барои беҳтар кардани сифати дигар зотҳо истифода мешаванд. Дар музоядаҳо, аспҳои олиҷаноби арабӣ ҳамеша харидорони худро пайдо мекунанд.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Маводҳои ҷолиб

  • Мустаҳкамии мӯй ва устухони аспҳо
    Мустаҳкамии мӯй ва устухони аспҳо Далелҳо оид ба аспҳо гувоҳи онанд, ки аз устухони аспҳо дида, мустаҳкамтарин устухон дар ягон ҳайвони дигар дида намешавад. Мустаҳкамии онҳоро ба санги хоро низ шабеҳ медиҳанд, ки он аз ...
  • Сумб ҳамчун аъзои ҳаётан муҳим
    Сумб ҳамчун аъзои ҳаётан муҳим Қазияҳои аз ҳама ҷолиб оид ба аспҳо ба сумби онҳо дахл доранд. Сумб дар пойи аспҳо пусти ғафсу дуруштро муаррифӣ менамоянд. Ба ин нигоҳ накарда, сумб бениҳоят ҳассос ва нозук ...
  • Ҳиссиёт ва хотира
    Ҳиссиёт ва хотира Аспҳоро вобаста ба имкониятҳои биноӣ, машом, зебоӣ ва хотира ба ягон ҳайвони дигар муқоиса кардан ғайиимкон аст. Аспҳо ҳамаи бӯйҳоро ба худ гирифта, дар хотир нигоҳ медоранд. Ҳодисаҳои ҷолибе оид ...

Маводҳо дигар

Натиҷаи пойга

 Узбакистон  Муғулистон 4:8
 Туркия  Қирғизистон 3:13
 Қазоқистон  Русия 15:3
 ИМА  Тоҷикистон 2:9
 Маҷористон  Чин 2:9
 Афғонистон  Озарбойҷон 7:0,
бохти техникӣ
© 2020 Федератсияи ҷумҳуриявии «Пойгаи равон ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон