Аксҳо

Хабарҳо

Таърихи варзиши аспдавонӣ

Бузкашӣ варзиши суннатии халқҳои Осиёи Марказӣ аст

Бузкашӣ бозии миллӣ ва варзиши аспсаворӣ буда, дар ҳар иду ҷашнвораҳо дар байни мардумон баргузор карда мешавад.

Махсусан дар рӯзҳои баргузории ҷашни Наврӯз, ки бо гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои идона ин ҷашнвораро боз ҳам зебо мегардонад, аз ҷониби халқиятҳои гуногун ин навъи варзиш доир карда мешавад. 

Дар ҳар кадоме аз кишварҳое, ки бузкашӣ он ҷо ривоҷ дорад — Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон ин навъи бозӣ вижагиҳои худро дорост.

Дар бархе аз навиштаҳои таърихӣ зикр шудааст, ки бузкашӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асрҳои 11-ум ва 12-ум, дар давраи Чингизхон ҷоиз шудааст.

Аммо бархеи дигар аз муҳаққиқон таърихи бузкаширо ба замони лашкаркашиҳои Искандари Мақдунӣ — асри 4 пеш аз мелод нисбат медиҳанд; замоне, ки паҳлавонони ориёӣ ба лашкари душман шабехун мезаданд ва афроди мухолифро зинда аз ӯрдугоҳашон бо худ меоварданд.

Сипас ин маҳоратҳои ҷангӣ шакли варзишро касб кард ва барои саргармиву намоиш анҷом мешуд. Дар Тоҷикистон лошаи буз барои бозӣ истифода мешавад, аммо дар бархе кишварҳо, аз ҷумла дар Афғонистон ба хотири сабук будани лошаи буз, лошаи гӯсоларо истифода  мекунанд.

Унсурҳои аслии бозии бузкашӣ ин аст:

1. Чопандоз (Човандоз)

2. Аспи бузкашӣ

3. Молики аспҳои бузкашӣ

4. Сайис ва ё мураббии аспҳои бузкашӣ

5. Ҳакам ва ё реферӣ

6. Ҷорчӣ ва ё эълонкунанда

7. Майдони бузкашӣ

8. Унсурҳои асосии майдони бузкашӣ

9. Лошаи буз

Чопандоз (Човандоз)

Асли калима Чопандоз аст, ки бо мурури замон дар лаҳни тоҷикӣ ба Човандоз бадал шудааст. Муҳраи асливу меҳварӣ ва омили инсониву таъйинкунандаи бозии бузкашӣ ҳамин човандоз аст. Ин вожа аз ду калимаи туркии "чоп", яъне "бидав" ва тоҷикии "андоз" ташкил шудааст. Човандозҳо маъмулан шахсиятҳои саршиносу боэътибор ва қавиҳайкал, зурманд, қавипанҷа ва беҳаросу фавқуллода моҳир дар аспсаворӣ мебошанд.


Аспи бузкашӣ

Аспҳои бузкашӣ аз ҷумлаи аспҳои оддӣ ва маъмулӣ набуда, балки ин аспҳо аз наслҳои махсус ҳастанд. Ин аспҳо тайи солҳои тӯлонӣ дар давидан, суръат ва ҷусса нисбат ба сойири аспҳои дигар бартарии худро собит кардаанд ва ҳамзамон тарбия мешаванд. Тарбияи як аспи бузкашӣ 5-6 сол тӯл мекашад. Аспҳои бузкашӣ тӯли сол таҳти назари сайис, бо дарназардошти наҳваи вижаи ғизоӣ тарбият мешаванд. Масрафи ғизоии як аспи бузкашӣ дар як сол баробар бо масрафи як хонаводаи иборат  аз 5-6 нафар аст.

Аспҳои бузкашӣ вобаста ба рангу наслашон номҳои мухталиф доранд. Масалан, Туруқ, Ҷиранд, Мушкӣ, Саманд, Қашқа, Рахш ва ғайра.

Аспҳои маъруф барои бузкашӣ даҳҳо ҳазор доллар арзиш доранд. То ҷое, ки бархеҳо аз ба фурӯш рафтани аспҳои бузкашӣ то 50 ҳазор доллари амрикоӣ суҳбат мекунанд.

Моликони аспҳои бузкашӣ

На ҳамаи човандозон соҳибони аспҳои бузкашӣ мебошанд. Дар бештари маворид човандозҳо танҳо савории кирояанд, ки бар аспҳои ашхоси сарватманди аспдӯст нишаста бузкашӣ мекунанд. Ва мутаносибан, пирӯзие ки дар майдони бузкашӣ ба даст меоранд, онро бо соҳиби асп тақсим мекунанд.

Афроди сарватманд, тоҷирон, ҳокимон, мансабдорон умдатан аспҳои бузкаширо мехаранд ва ё тарбия мекунанд, ки бештари маврид бозиҳои бузкашӣ бо мусоидати соҳибони аспҳои номдор ташкил мешаванд.

Ин нафар масъулияти замони баргузорӣ, маҳал, имконоти молӣ, қабули меҳмонон ва ғайраро бар ӯҳда мегирад.


Сайис

Сайис — мураббӣ ва ё тренер — мутахассиси  тарбия ва тамрини аспҳои бузкашӣ аст. Ҷойи тааҷҷуб ин аст, ки чунин афрод таҳсил ва омӯзише дар бахши тарбияи ҳайвоноту тренерӣ ва варзиш надошта, фақат таҷрибаашон роҳнамои корашон мебошад.


Ҳаким ё рефери (судя)

Аз ҳалол ва ё ҳалол набудани буз (агар буз тавассути човандоз дохили қур андохта шавад онро ҳалол мегӯянд, ки дар он сурат човандоз сазовори ҷоиза мегардад, вале агар буз хориҷ аз доира андохта шавад ҳалол ба ҳисоб намеравад), вайрон кардани қоидаҳои бузкашӣ, даъво миёни човандозонро ҳал мекунад.

Ҷорчӣ

Ҷорчӣ — саворие мебошад, ки ҷойизаҳо, миқдор, навъ ва шарти ба даст овардани онҳоро бо овози баланд дар миёни човандозон эълон мекунад. Замоне ки човандоз лошаи бузро ба дохили доира ва ё парчам мерасонад ӯ исми човандоз, исми асп ва исми молики аспро муаррифӣ мекунад.

Майдонҳои бузкашӣ

Майдонҳои бузкашӣ ғолибан дар даштҳои нисбатан ҳамвор, доманакуҳҳо ва теппаҳо барои як дафъа ташкил мешаванд.

Қур ва барақ

Унсурҳои аслии бузкаширо қур ва ё ҷур (доираи гирд ё чуқурии сатҳӣ) ва парчам ташкил медиҳанд. Қур бо истифода аз ранги сафед ва ё бо кандани чуқурии сатҳӣ сохта мешавад. Парчам дар самти муқобили қур бо барафроштани порча ё латаи қирмиз бар фарози як чӯб нишон мешавад.


Лошаи буз

Бузи то як солаи забҳшуда, аъзои дохилиаш хориҷшуда ва пойҳояш аз зону пойин буридашуда дар бозӣ истифода мешавад. Баъд аз хориҷ кардани аъзои дохилиаш шиками вай дубора дӯхта ва ба ҳам пайваст мешавад. Дар сурати замони кофӣ дар ихтиёр доштан, ин бузро маъмулан як шаб қабл аз бозӣ забҳ мекунанд ва дар ҷойи сард нигаҳ медоранд ва ба хотири вазнин шуданаш болояш об мепошанд. Вазни миёнаи лошаи буз аз 10 то 30 килограмм аст.

Наҳваи баргузории мусобиқа

Шакли баргузории ин бозӣ ба наҳваест, ки иддае аз човандозон барои ба даст овардани лошаи буз бо ҳам рақобат мекунанд.

Майдони бузкашӣ маҳдуд нест, аммо дар бархе кишварҳо ҳудуди онро муайян кардаанд. Ба унвони мисол, Кумитаи олимпии Афғонистон ҳудуди майдони бузкаширо 350 ба 350 метри муррабаъ муайян кардааст.

Дар оғози бозӣ лошаи буз дар миёни қур қарор дода мешавад ва човандозони савори асп дар атрофи он ҳалқа мезананд ва лошаро аз рӯи замин бардошта, онро аз парчам мегузаронанд ва дубора бояд онро ба қур партоб кунанд.

Дар ин бозӣ ҳар кадом бозигар рақиби ҳамдигар маҳсуб мешавад. Қавонини бузкашӣ ба ин тартиб аст, ки шумо иҷоза надоред бузро аз зини асп боло биоваред, ҳақ надоред барои гирифтани буз аз рақиб ба дасту панҷаи вай қамчин бизанед ва ғайра.

Ҳадя ё мукофоте, ки ба ғолибон мерасад, аз ҷониби саховатмандону ҳаводорон ва ташкилкунандагони ин навъи бозӣ таҳия мешавад. Сарватмандоне, ки худ ҳаводори бузкашӣ ҳастанд, ин мусобиқаро ташкил ва ҳам туҳфаҳоро фароҳам мекунанд.

Мусобиқаҳои бузкашӣ бештар ба муносибати ҷашнҳои миллӣ, ҷашнҳои арӯсӣ ва ғайра баргузор мешаванд. Аммо қабули Қонуни ҶТ "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ" дар соли 2007, ташкили ин навъи бозӣ дар ҷашнҳои арӯсӣ ва зодрӯзу хатнасурҳо мамнуъ кард. Ҳамакнун бештари бузкашиҳо дар остонаи ҷашни Наврӯз баргузор мешаванд. 





Маводҳои ҷолиб

  • Ҳиссиёт ва хотира
    Ҳиссиёт ва хотира Аспҳоро вобаста ба имкониятҳои биноӣ, машом, зебоӣ ва хотира ба ягон ҳайвони дигар муқоиса кардан ғайиимкон аст. Аспҳо ҳамаи бӯйҳоро ба худ гирифта, дар хотир нигоҳ медоранд. Ҳодисаҳои ҷолибе оид ...
  • Мустаҳкамии мӯй ва устухони аспҳо
    Мустаҳкамии мӯй ва устухони аспҳо Далелҳо оид ба аспҳо гувоҳи онанд, ки аз устухони аспҳо дида, мустаҳкамтарин устухон дар ягон ҳайвони дигар дида намешавад. Мустаҳкамии онҳоро ба санги хоро низ шабеҳ медиҳанд, ки он аз ...
  • Сумб ҳамчун аъзои ҳаётан муҳим
    Сумб ҳамчун аъзои ҳаётан муҳим Қазияҳои аз ҳама ҷолиб оид ба аспҳо ба сумби онҳо дахл доранд. Сумб дар пойи аспҳо пусти ғафсу дуруштро муаррифӣ менамоянд. Ба ин нигоҳ накарда, сумб бениҳоят ҳассос ва нозук ...

Маводҳо дигар

Натиҷаи пойга

 Узбакистон  Муғулистон 4:8
 Туркия  Қирғизистон 3:13
 Қазоқистон  Русия 15:3
 ИМА  Тоҷикистон 2:9
 Маҷористон  Чин 2:9
 Афғонистон  Озарбойҷон 7:0,
бохти техникӣ
© 2020 Федератсияи ҷумҳуриявии «Пойгаи равон ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон